Маълумоти охирин

Мӯҳр

Мӯҳр, печат, асбоби махсусе. ки нишонаю аломатҳои фурухамидаю барҷастаи худро дар рӯи сурғуҷ, мум, коғаз, чӯб, чарм ва ғайра мегузорад. Дар гу­зашта аз санг, сафол, мис, пӯлод. бирнҷӣ, нуқра ва тилло ё сангҳои қиматбаҳо (ёқут, лаъл, фирӯза ва ғайра) Мӯҳр месохтаанд. Дар фасли «мӯҳрканӣ»-и «Матлаъ- ул-улум» зикр шу­дааст, ки мӯҳрканӣ ҳунари шариф, заруру ногузир буда, созандаи Мӯҳр бояд аз хатҳои гуногун (насх, сулс, настаълиқ, санс­крит ва ғайра) воқиф бошад. Мӯҳркаи бар фулузот мисли мис, оҳан, нуқра, тилло,_ ҷавоҷир бо қалами оҳанӣ, ки ба нӯги он реэаалмос мечаспонанд, ҳуруфро нақш меканд. Шакли Мӯҳр чоркунҷа, дойра, эллипсӣ, ромбӣ ва ғпйра мешавад. Дар Осиёи Миёнаи тореволютсионӣ ҳар як бой, эшон, муфтӣ, қозӣ, амир, хон, сарой ва корхонаҳои давлат Мӯҳри худро доштанд. Дар рӯи Мӯҳр но­му мансаби соҳибаш ва санаи сохта шудани он сабт мегардад. Мӯҳрҳои ҳозира асосан аз резини доирашакл тайёр карда мешаванд. Дар рӯи он номи корхона, муассиса ё ташкилоту корхона ё герби ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ё герби республикаи иттифоқӣ ҷой дода ме­шавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …