Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳофизати модарон ва кӯдакон

Муҳофизати модарон ва кӯдакон

Cистемаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ки аз муҳофизати саломатии занон ва тарбияю инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон иборат аст. Системаи Муҳофизат дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ба занон имконият медиҳад, ки онҳо баробари адои вазифаи модарии худ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат иштирок кунад. Принсипҳои асосии системаи М. характери давлатӣ ва профилактикӣ доштани он аст. Ҳамаи чорабиниҳое, ки даи ин бобат гузаронида мешавад, саломатии занон ва кӯдаконро таъмин менамояд. Мувофиқи моддаи 122 Конститутсияи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (моддаи 33 Конститутсияи РСС Тоҷикистон) занон ҳуқуқи баробари мардон ва ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ, давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат иштирок кардан доранд. Ба заноне, ки кор мекунанд, дар давраи ҳомила ба муддати 112 рӯз (56 рӯз то таваллуд ва 56 рӯз баъди таваллуд) отпуск муқаррар карда мешавад. Ҳангоми ду ё зиёда аз он кӯдак таваллуд карда бошад, отпуски баъди таваллуд то 70 рӯз дароз карда мешавад. Мувофиқи қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани кӯмаки давлат ва оилаҳои фарзанддор” ва “Дар бораи тадбирҳои минбаъд ҳам беҳтар кардани таъминоти сотсиалии аҳолӣ” (аз 31 марти 1981) баро модарони коркуни стажи корашон на камтар аз як сол ва заноне, ки аз истеҳсолот ҷудо шуда таҳсил мекунад, инчунин барои нигоҳубини кӯдаки то яксола отпуски пулаш қисман додашаванда ҷорӣ гардид. Ҳамчунин ба занони коркун то якунимсолагии кӯдак отпуски иловагии бемузд таъин шуд. Ба занҳои ҳомила меҳнати вазнин, дар ҷойҳое , ки барои саломатиашон зарарнок аст, кор кардан, аз кор холӣ намудан, ба кор қабул накардан ё кам кардани маоши онҳо, инчунин ба кори берун аз вақти муқаррарӣ ё сменаи шабона ҷалб намудан, ба командировка фиристонидан ва ғайра манъ карда шудааст. Ба заноне, ки кӯдаки то 1- солаи ширмак доранд, баъди ҳар як 3,5 соат рои макконидани кӯдак танаффузи иловагӣ медиҳанд. Дар давраи беморшавии кӯдак бошад, модар аз кор озод карда шуда, аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоӣ барои таъминоташ ёрии пулӣ мегирад. Мувофиқи карори  КИМ ва СКХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз 27 июни 1936 ва Укази Президиуми Совети Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз 8 июли 1944 барои модарони яккаву танҳо ва серфарзанд ёрии пулӣ муқаррар карда шудааст. Ба модарони серфарзанд номи “Шарафи модарӣ” мукофонида мешавад. Муассисаҳое, ки М. ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, инҳоянд: таваллудхонаҳо, консултатсияҳои занона ва кӯдакона, пунктҳои фелдшерию акушерӣ, поликлиникаю беморхонаҳо, боғчаю санаторияҳои бачагона, хонаи бачагон ва интернатҳои тадқиқоти илмии акушерӣ, геникологӣ ва педиатрӣ. Дар Тоҷикистон М. август 1925 дар назди Комиссариати халқии нигоҳдории тандурустии республика ба роҳ монда шуд. Худи ҳамон сол ба ташкили муассисаҳои бачагона ва таваллудхонаҳо, тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, инчунин ёрии табобатию профилактикӣ ба модарону кӯдакон шурӯъ намуданд. Дар айни замон (1978) дар республика шумораи умумии катҳо барои занҳои ҳомила ва нав таваллудкарда ба 3704 (соли 1940-566), беморони геникологӣ – 1163 (1940-95), кӯдакон- 10695 (1940- 746) расид. Дар республика 303 консултатсия, поликлиника ва амбулаторияҳои занона мавҷуд аст. Марказҳои ҷарроҳии бачагона, оториноларинголонӣ, офталмологӣ ва ғайра. Ташкил карда шудааст. Ҳал сол қариб 150 ҳазор бачагон дар лагерҳои пионерӣ ва спортӣ, санаторияҳои бачагона истироҳат мекунанд. Ғайр аз ин як миқдор маблағи муассисаҳои давлатӣ, колхозу совхоз ва дигар ташкилотҳо низ сарф мешаванд.

Ад.: Женщины в Таджикиской ССР, Д., 1978.

Х. М. Абдушукурова.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …