Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХОТАБ

МУХОТАБ

muhotabМУХОТАБ (арабӣ — хитобшаванда), калима ва ибораест, ки шахс ва ё предмети муроҷиатшударо номбар мекунад. Ба вазифаи Мухотаб исмҳои хосу ҷинс, ҷондору беҷон, ҷонишинҳои шахсӣ ва дҳма калимаҳое, ки ба маънои исм истифода мешаванд, омада метавонанд. Мухотаб бо аъзоҳои ҷумла алоқа надорад ва аъзои ҷумла низ шуда наметавонад; дар аввал, байн ва охири ҷумла ҷой гирифта, бо аломатҳои китобатии мувофиқ ҷудо карда мешавад. Масалан, Хуршед, ту аз мактаб кай омадӣ? Канӣ, 3 а р р и н а, навбати ту. Аз ҷоят хез, Ҷ а м ш е д! Мухотаб вобаста ба мавқеи худ дар ҷумла, инчунин муносибати гӯянда ба предмети хитобшуда интонасияи даъватӣ (бо задаи таъкидӣ талаффуз шудани Мутохаб), интонасияи туфайлй (пастшавии овозу суръати талаффуз), интонасияи хитобӣ мегирад. Ҳангоме, ки бо Мутохаб нидое истифода мешавад, оҳанги муроҷиат пурқувват мегардад:

Вақти он аст, эй калам, буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ!

Мутохаб дар маврпдҳои ҷудогона: а) агар Мутохабҳои ҳампаҳлӯ номи ҳамон як шахе ё предмет бошанд (Азизам, ҷ о н а к а м, аз суханонн май хафа нашав), б) агар Мутохабҳо шахс ва предметҳои гуногунро ифода кунанд (Э й о ф т о б, эй к у дҳҳ о, эй дарахтон, ба имдоди ман бирасед!) чида мешавад. М.утохаб аз рӯи таркиб ду хел мешавад: хуллас (Мутохаби бо як калима ифодаёфта) ва тафсилӣ (М.утахаби бо ибора ифодаёфта).

А. Мирзоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …