Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳосираи баҳрӣ

Муҳосираи баҳрӣ

Дар ҳуқуқи байналхалқӣ, маҷмӯи чораҳое, ки ҳангоми низоъ ва задухӯрди яроқнок гузаронида мешаванд. Максади Муоҳсираи баҳрӣ  роҳ надодани душман ба соҳили баҳр мебошад, то ки душман маҷбур карда шавад, ки аз истифодаи бандарҳои худӣ а забтшуда, базаҳои ҳарбию баҳрӣ, соҳилҳо ва обҳои баҳрии ба он таалуқдор барои савдо ва робитаҳои дигар байни давлатҳо даст кашад. Давлатҳои ҷангкунанда бо роҳи эълони Муоҳсираи баҳрӣ  мекӯшанд, ки алоқаи баҳрии давлати душманро канда, иқтидори иқтисодии онро суст карда, вайро аз имкони  савдо бо давлатҳои бетараф маҳрум гардонанд.

Муоҳсираи баҳрӣ на танҳо усули муайяни муборизаи тарафҳои ҷангкунанда, балки тадбири ҳарбиест, ки манфиати давлатҳои бетарафро дар бар мегирад. Муоҳсираи баҳрӣ да асоси қоидаҳои декларатсияҳои Парижу (1856) Лондон (1909) ва нормаҳои муқаррарии ҳуқуқи байналхалқӣ ба тартиб дароварда мешавад. Дар ҳуқуқи байналхалқӣ низ қонунҳои Муоҳсираи баҳрӣ вуҷуд дорад, ки дар замони осоишта ҳамчун тадбири маҷбуркунӣ ба муқобили  давлати ҳуқуқи байналхалқиро вайронкарда истифода мешаванд.

Устави ТДМ Муоҳсираи баҳриро ҳамчун чораи имконазири коллективонаи барқароркунии сулҳу бехатарии байналхалқи мешуморад, ки бо қарори Совети Амнияти ТДМ қобили қабул шуда аст. Дар тамоми ҳолатҳои дигар аз тарафи ягон давлати ҷудогона аввалин шуда татбиқ кардани муҳосира (мусаллаҳона) нисбат ба давлати дигар бояд таовузи ҳарбӣ дониста шавад. Нормаҳои зикршудаи ҳуқуқи байналхалқиро мамлакатҳои империалистӣ борҳо вайрон кардаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …