Маълумоти охирин

Муҳосира

Шакли махсуси амалиёти ҳарбӣ, ки қисми хоки душманро ҷудо ва алоқаҳои берунии онро тамоман қатъ менамояд. Давлатҳои алоҳида, қувваҳои мусаллаҳи онҳо, гурӯҳи калони қӯшун дар майдони ҳарб, мавқеи дорои аҳамияти стратегӣ бо гарнизонҳои ҳарбӣ, ҷазираҳо, гулӯгоҳҳо, халиҷҳо, базаҳои ҳарбии баҳрӣ, бандарҳо, шаҳрҳо ва районҳои мустаҳкамгардида  Муҳосира шуда метавонанд. Муҳосира ба омадани қувваи ёрирасон, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддию техникӣ, бурдани чизҳои пурарзиш имконият намедиҳад ва ба зуд торумор гардидани душман ё маҷбуран таслимшавии он шароит фаро меоварад.

Вобаста ба қувва ва воситаҳо Муҳосира чунин намудҳо дорад: аз хушкӣ, ҳаво, баҳр ва омехта (яъне аз хушкию ҳаво, ҳавою баҳр, хушкӣ-ҳаво – баҳр). Дар шароити Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Муҳосира аксар омехта буд. Муҳосира  мвофиқи вазифаҳо ва миқёси амалиёт стратегӣ ё тактикӣ мешавад. Муҳосира аз хушкиро қӯшунҳои хушкигард бо авияатсия ва қӯшунҳои зидди ҳуҷуми ҳавоӣ (ПВО) якҷоя ба  меоваранд (масалан, муҳосираи қӯшунҳои Германияи фашистӣ аз тарафи қӯшунҳои советӣ дар назди Сталинград (1942-1943), дар Будапешт (1944), дар Вена ва Бреслау (1945). Мисоли муҳосираи омехта (аз хушкӣ, ҳаво ва баҳр) аз тарафи қӯшунҳои фашистии немис муҳосира шудани Ленинград (1941-1943) буд, ки душман ба мақсад нарасид. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд қӯшунҳои советӣ ба муҳосира тоб оварда, баъдтар онро рахна карда, ба душман зарбаи ҳалокатоар заданд. Муҳосира аз ҳаво ҷузъи муҳосираи хушкию баҳрист. Агар дар амалиёт авиатсия мавқеи асосӣ дошта бошад, муҳосира аз ҳаво номида мешавад. Дар муҳосираи аз баҳр авиатсия қӯшунҳои муҳофизати зидди  ҳуҷуми ҳавоӣ ва ФҲБ иштирок мекунанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …