Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳорибаи Сталинград

Муҳорибаи Сталинград

Амалиёти мудофиавӣ ва ҳуҷуми қӯшунҳои советӣ дар фронтҳои Ҷанубу Ғарбӣ, Сталинград (аз 28.9.1942, Дон), Ҷанубу Шарқӣ (аз 28.9.1942 Сталинград) ва Воронеж  бар зидди қӯшунҳои фашистии немис дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ.  Муҳорибаи Сталинград ба ду давра тақсим мешавад: мудофиа (17.7-18.11.1942) ва ҳуҷум (19.11. 1942-2.2.1943). Фармондеҳии немис аз набудани фронти дуюм дар Европа истифода бурда, то аввали тобистони 1942 дар қаноти ҷанги фронти советию Германия қувваи зиёдро (қисмҳои армияҳои “Б” ва “А”, қариб 900 ҳазор аскар, зиёда аз 17 ҳазор тӯп ва миномёт, 1260 танк, 1640 самолёт) ҷамъ карда, баъди ҷангҳои нобаробар дар районҳои Харков ва Қрим, 28-30.6.1942 ба сӯи Воронеж ва Донбасс ҳуҷум сар кард. Фашистон ният доштанд, ки дар самти ғарбии Дон қӯшуни фронтҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Ҷанубиро иҳота ва торумор намоянд, ба сӯи Волга  рахна зада, ба Кавкази Шимолӣ ҳуҷум кунанд. Дар натиҷаи зарбаҳои қуваҳои зиёди душман – ҷанговарони  фронтҳои Брянск, Ҷануби Ғарбӣ ва Ҷанубӣ (655 ҳазор одам, 740 танк, 14200  тӯп ва миномётҳо, 1 ҳазор самолёт) то 25.7. 1942 ба масофаи 150-400 км  ақиб нишастанд. Дар миёнаҳои июл фашистон ба хамгашти калони Дон  баромаданд, ки ин хавфи ба Волга ва Кавказ зада даромадани душманро ба миён овард. Муҳорибаи Сталинград 17.7.1942 дар ҳамгашти Дон бо задухӯрдҳои шадиди байни қисмҳои армияи 62 юми Фронти Сталинград (фармондеҳаш Маршали Иттифоқи Советӣ С.К. Тимошенко,  аз 23.7.1942 генерал-лейтинант В.Н. Гордов, аз 13.8 генерал – полковник А.И. Ёрменко) ва қувваҳои асосии армияи 6 уи немис сар шуд. Баъди ҷангҳои шадид ҳуҷуми фашистон боздошта шуд. Фармондеҳии немисҳо ба умеди он, ки армияи 4 уми танкиро ба самти Сталинград равона мекнад,  31 июл аз нав ба ҳуҷум гузашт. Дар қисми берунии хати мудофиаи Сталинград душман боздошта шуд, вале қувваи худро аз нав ба гурӯҳҳо тақсим намуда, бо авиақияи флоти 4 уми ҳавоӣ 23.8.1942 хати фронтро рахна кард. Фашистон дар  Волга ба посёлкаи Рынок  воқеъ  дар қисми шимоли Сталинград зада даромада, 13.9.1942 ба штурми шаҳр шурӯъ намуданд. Мудофиаи Сталинград ба зиммаи қӯшуни армияи 62 ум (генерал-лейтинант В. И. Чуйков) ва қимҳои армияи 64 ум (генерал-лейтенант М.С. Шумилов) гузошта шуд. Онҳо якҷоя бо аҳолӣ  то феврали 1943 ҷанги пай дар пай, шадид ва сахт бурданд. Ҷавобан ба даъвати Ватан  –  “Як қадам ақиб наравем” – ҷанговарони советӣ қаҳрамонии бемислу монанд  нишон доданд. Дивизияҳои 13,37 уми гвардиягии тирандоз ва дивизияҳои 95, 112, 138 ва 308 уми танкӣ матонати фавқулода  зоҳир намуданд. Фашистон шаҳрро тамоман хароб карда бошанд ҳам, муқобилати мудофиачиёни онро шикаста, шаҳрро ба даст дароарда натавонистанд. Июл-ноябр 1942 дар байни деҳаи Дон ва Волга  душман то 700 ҳазор нафар аскар зиёда аз 1 ҳазор танк, 2 ҳазор тӯп ва  мномёт, 1400 самолёт талаф дода, маҷбур шуд ба мудофиа гузарад. Сентябр – ноябр 1942 Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ якҷоя бо Штаби генералӣ нақшаи амалиёти (“Уран”) иҳота ва  нест  кардани группировкаи душманро дар райони Сталинград тартиб дод. Мувофиқи  он Фронти Ҷануби Ғарбӣ мебоист  аз Серафимович  ба Калач ва Советский, Фронти Сталинград  аз райони Кӯлҳои Сарпинск ба самтҳои муқобил зарба зада, душманро  дар байни деҳаҳои Волга ва Д Фронти Дон мебоист душманро дар хамгашти хурди Дон муҳосира ва орумор мекард. Фронтҳои Ҷануби Ғарбӣ, Дон ва Сталинград зиёда аз 1 млн нафар аскар, 13.5 азор тӯп ва миномёт,  қариб  900 танк, 1400 самолёти ҷангӣ (группировкаи душман-1011 ҳазор аскар, 10290 тӯп ва миномёт, 675 танк, 1216 самолётҳои ҷангӣ) доштанд. Дар самти зарбаи асосӣ афзалият  дар дасти қӯшунҳои  советӣ буд.  19.11.1942 фронтҳои Ҷануби Ғарбӣ (генерал-лейтинанд К.К. Рокосовский) ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд.  Амалиёти фронтҳоро намояндаи Ставка енерал-полковник  А.М. Василевский  мутобиқ мекард. 20  ноябр ФФронти Сталинград ба ҳуҷум гузашт. Қӯшунҳои советӣхати мудофиаи душманро рахна карда, 23.11.1942 дар райони хутори Советский муттаҳид ҳуданд. Бо ҳамин иҳотаи қувваҳои  асосии армияҳои 6-ум  ва 4-уми танкии  душман анҷом ёфт.  (22 дивизия ва 160 қисмҳои махсус, 330 ҳазор аскар). Дар нимаи дуюми декабр қӯшунҳои Фронти Сталинград гурӯҳи армияи “Гот” –ро ки аз райони Котелников ба ёрии  группировкаи иҳоташудаи худ мешитофт, торумор намуд, қӯшунҳои фронтҳои Ҷануби Ғарбӣ ва Воронеж (генерал- лейтенант Ф.И. Голиков) дар Дони Миёна армияи 8-уми  италиявӣ (генерал – полковник И. Гарибалди) ва гурӯҳи оперативии “Хомидт” –ро торумор карданд. 10.1 – 2.2. 1943 Фронти Дон қӯшунҳои  ба муҳосира афтодаифашистони немисро дар назди Сталинград торумор кард.  Дар натиҷа 147200 аскару офисерони душман несту нобуд карда шуда, 91 ҳазор, аз ҷумла 2500 офисер ва 24 генерал бо сардории фелдмаршал Ф. Паулс асир гирифта шуданд. Аз 19.11.1942 то 2.2. 1943 душман зиёда аз 800 ҳазор аскар, қариб 2 ҳазор танк, зиёда аз 10 ҳазор тӯп ва миномёт, қариб 3 ҳазор самолёт талаф дод. Дар сафҳои муҳофизатгарони диловари Сталинград ҷанговарони соединенияи савораи ТТоҷикистон низ буданд Дар Муҳорибаи Сталинград  дар қатори дигар халқҳои советӣ  садҳо фарзандони Тоҷикистон  аз ҷумла  О. Холматов, А. Турдиев, Ҳ. Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, С. Иброҳимов, М.Муқимӣ, Т. Ҷӯраев, А. Эшматов, А. Устоев қаҳрамонӣ нишон дода, сазовори ордену медалҳои ҷангӣ гардиданд. Ғалаба дар Волга калонтарин воқеаи ҳарбию сиёсии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд. Армияи Сурх дар назди Сталинград ғалаба карда, ташаббуси стратегиро ба даст даровард ва солҳои 1942-1943 аз Ленинград то Кавкази Шимолӣ ҳуҷуми зимистонаро сар карда, дар самтҳои асосӣ душманро 600-700 км ақиб партофт. Ба таври оммавӣ ва сарзамини советӣ рондани истилогарон сар шуд. Ғалаба дар назди Сталинград дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ибтидои дигаргунии куллӣ буд.  (Ниг.ни Волгоград ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ).

Харита дар саҳифаи 32-33.

Адабиёт: Чуйков В.И., 180 дней в огне сражений, Москва 1962: Великая победа на Волге, Москва 1965.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …