Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳорибаи Полтава

Муҳорибаи Полтава

Задухӯрди генералии байни қӯшунҳои Россия ва Шветсия ( 8.6.1709) дар давраи Ҷанги Шимолӣ (1700 -21). Охири 1709 қӯшунҳои Карли XII (30 ҳазор аскар) Полтаваро иҳота карданд. Гарнизони шаҳр (4.2 ҳазор аскар, 2.5 ҳазор сокинони мусаллаҳи шаҳр) ба шведҳо муқобилати сахт нишон дода,  дар давоми ду моҳ штурми онҳоро зада гардонд. Охири май қувваҳои асосии армияи рус (42 ҳазор аскар, 72 тӯп) бо роҳбарии Пётри 1 ба Полтава омада, дар наздикии деҳаи Яковтсы истеҳкомҳои чортарафаи заминӣ – редутҳо сохтанд. Соати 2 шаби 27 июн шведҳо (20 ҳазор аскар) ба ҳучум гузаштанд. 10 ҳазор аскар аз ҷумла як қисми запорожиҳо ва  казакҳои Украина И.С. Мазепа фиреб дода шуда буданд, ҳамчун қӯшуни эҳтиётӣ дар назди Полтава монданд. Бо фармони фармондеҳии рус аскарони савора (фармондеҳонаш А.Д. Меншиков, Р.Х. Боур) баъди задухӯрд бо шведҳо ба тарафи қувваҳои асосии армияи рус ақибнишинӣ карданд. Полкҳои шведҳо зери оташи милтиқу артиллерияи русҳо афтода, талафоти калон доданд ва ақиб нишастанд. Қӯшунҳои  рус ва швед аз нав ба ҷанг саф кашида, ба задухӯрди даст ба гиребон гузаштанд. Дар зери фишори русҳо шведҳо ақиб нишастанд ва дере нагузашта рӯ ба гурез ниҳоданд. 30 июн аскарони савораи рус боқимондаи қӯшунҳои шведро асир гирифтанд. Карли XII ва хоин Мазена бо отряди хурд ба Туркия гурехтанд. Аз шведҳо дар Муҳорибаи Полтава  9234 нафар кушта, зиёда аз 18  ҳазор  кас асир гирифта шуданд: талафоти русҳо 1345 нафаркушташудагон ва 3290 маҷрӯҳонро ташкил мекард. Ғалаба дар Муҳорибаи Полтава дар Ҷанги Шимолӣ дигаргуни қатъӣ ба вуҷуд оварда, обрӯю эътибори Россияро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт ва ба ӯ имконият дод, ки дар Наздибалтика  мустаҳкам шавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …