Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳорибаи Ленинград

Муҳорибаи Ленинград

Амалиёти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ аз 10 июли 1941 то 10 августи  1944 ба мақсади мудофиаи Ленинград аз қушунҳои фашистии немису фин ва торумор кардаии онҳо дар давраи Ҷанги Бузури Ватанӣ (1941— 1945).  Саркардагони фашистии  немис ба хуҷуми зидди ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ тайёрӣ  дида, ба забти Ленинград аҳамияти махсус доданд. Тобистони 1941 гурӯҳи армияи «Шимол”-и фашистон (фармоидеҳаш генерал-фелдмаршал В. фон Лееб) дар ҳайати гурӯҳи 4-уми танкӣ, армияҳои 18, 16-ум якҷоя бо қушунҳои Финляндия (армияҳон Карелия ва Ҷануби  Шарқӣ) ба Ленинград  ҳуҷум кард. Фармондеҳии немису фин дар ихтиёри худ 38 дивизия (32 дивизияи хушкигард, 3 дивизияи танки, 3 дивизияи моторикунонидашуда), 1 бригадаи савора па 2 бригадаи хушкигард дошт. Ба муқобили армияи душман қӯшунҳон фронтҳои Шимолӣ (фармондеҳаш генерал-лейтенант М. М. Попов) дар ҳайати армияҳои 7 ва 23-юм (ҳамагӣ  8 дивизия) ва Шимолу  Ғарбӣ (фармондеҳаш геиерал-майор П. П. Собенников) дар ҳайати армияҳои 8, 11 ва 27-ум (31 дивизия ва 2 бригада) меистоданд.

Похожее изображение

Комитети Давлатии Мудофиа (КДМ) барои мутобиқати амалиёти фронтҳо 10 июлн 1941 сам-ти ҳарбии Шимолу  Ғарбӣ (сарфармондеҳаш Маршали Иттифоқи Советӣ К. Е. Ворошилов) ташкил кард, кн он қӯшунҳон фронтҳои Шимоли ва Шимолу  Ғарбӣ, флоти Шимолӣ  ва Флоти Байрақи Сурхдори Балтикаро дар бар мегирифт. Июл  сентябри . 1941 10  дивизияи  лашкари  халқӣ, 16 баталони артиллерию пулемётӣ, 6 полки тираидоз, қариб 200 отряди партизанӣ  ташкил карда шуд. То 25  октябри  1943 қариб 300 ҳазор коммунистон ва комсомолон ба муҳофизати шаҳр сафарбар шуданд. Дар Ленинград истеҳкому хатҳои мудофиа сохтанд. Дар сохтмони  онҳо ба қушунҳои советӣ аҳолии шаҳр ёрии калон расонид.  Август 1941душман аз ҷиҳати техникаи ҳарбӣ нисбат ба қӯшуиҳон советӣ афзалияти калон  дошт. Вай то ба хал. Фин ва кӯли Ладога зада даромада, Ленинградро аз хушкӣ  муҳосира намуд (аз 8. 9. 1941 то 18. 1. 1943). Дар натиҷа таъминоти аҳолии шаҳр хело бад шуд. Аз 20 ноябр нормаи шаборӯзии нон ба 125—250 г. расид. Аз ноябри  1941 то  октябри 1942 аз гуруснагӣ 641 803 нафар  аҳолии шаҳр ҳалок гардид. Фашистон бо тиру тӯпҳо ва бомбаҳо 13 979 бино, аз ҷумла ёдгориҳои меъморнро вайрон на несту нобуд карданд. Вале онҳо иродаи муҳофизатгарони  Ленинградро ши- каста натавонистанд. Дар кори мудофиаи шаҳр Комитети шаҳрии партия бо роҳбарии А. А. Жданов роли калон бозид. Нимаи дуюмн ноябрри  1941 дар рӯи яхи кӯли Ладога роҳи автомобилгард сохта шуд, ки он дар таърих ба номи «Роҳи ҳаёт» маълум аст. То апрели 1942 ба воситаи «Роҳи ҳаё-т» зиёда аз 550 ҳазор одам кӯчонда, 361 ҳаз. т. бор кашонда шуд. 12— 30 январи  1943 қушунҳои фронтҳои Лепинград ва Волхов дар ҷанубтари кӯли Ладога .муҳосираро рахна карда, роҳи бараш 8—10 километраеро кушоданд ва дар муддати кӯтоҳ роҳи  оҳану автомобилгард сохтанд. Дар натиҷаи амалиётн Ленинград- Новгород (1944) душман ба масофаи 220—280 км ақиб партофта, вилояти  Ленинград, як қисми вилояти  Калинин озод карда шуд. Қӯшунҳон советӣ 10—20 июни 1944 гурӯҳи оперативии «Гарданаи ТС Карел»-и финҳо, 21 июн — 9 август  гурӯхи  «Олонетс»-ро торумор карда, дар сарҳади  ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ— Финляндия мавқеи худро мустаҳкам карданд. МУҲОРИБАИ ЛЕНИНГРАД аҳамияти калони сиёсию стратегӣ дошт. Муҳофизатгарони Ленинград дар Фронтӣ Щарқй 15—20%-н қувваҳои мусаллаҳи фашистони немис ва тамоми армияи Финляндияро ба тарафи худ ҷалб намуда, қариб 50 дивизияи душманро торумор карданд. Дар  солҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ  халқи тоҷик дар қатори дигар халқҳои советӣ ба муҳофизатгарони Ленинград ёрии калон расонд. Фақат тобистони 1942 Тоҷикистон ба мухофизатгарони Ленинград ва баҳрчиённ Балтика 2 млн 225 ҳаз. сӯм пул, қариб 150 т ғалла, 130 т сабзавот, 80 т меваи тару хушк, 2250 сар чорво фиристод.. Фарзандони халқи тоҷик дар сафҳои муҳофизатгарони  Ленинград ҷангиданд. Барои далерию шуҷоатмандӣ дар МУҲОРИБАИ ЛЕНИНГРАД фарзандони Тоҷикистон Ш. Исоев, Т. Одилов, Ҳ. Аҳрорӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, О. Яъқубов, И.Ф. Воронов, П. Султонов, Т.К. Гаврилов, М. Шокиров, С. Мухторов, С. Бурхонов, М. Кузнетсов, К. Рӯзиматов, М. Шарифов бародарон Зайниддин, Бадриддин ва Муҳаммад Осимӣ ва дигарон бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд. 22 декабри 1942 медали “Барои мудофиаи Ленинград” таъсис  карда шуд.

Ниг. низ Ленинград, Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Харита дар саҳифаи 16-17.

Адабиёт: Раҳимов С., Ҷанговарони тоҷик дар мудофиаи Ленинград, Д., 1969:

Барбашин И.П., Битва а Ленинград 1941-44 Москва 1964

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …