Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳорибаи Карра

Муҳорибаи Карра

Задухӯрди байни қӯшунҳои Рим ва Порт дар назди шаҳри Карра (шимоли ғарби Байнаннаҳрайн). Баҳори соли 54 то миёна лашкаркаши Рим Красс бе тайёрӣ ба мулкҳои дар Байниннаҳрайн будаи портиҳо лашкар кашид. Муҳорибаи Карра 9 маи 53 то миёна сар шуд. Армияи Рим дар муҳориба бори аввал ба тактикаи портиҳо- ҷанги савораҳо дучор омад. Отрядҳои савораи портиҳо аскарони  пиёдаи Римро иҳота ва тирборон карданд. Дар ин задухӯрд римиҳо  талафоти калон доданд. Ҳатто отряди махсуси онҳо бо сардории писари Красс –Публий Красс пурра торумор карда шуд. Красс маҷбур шуд, ки дар қалъаи шаҳри Карра паноҳ барад, вале пас аз муддате аз набудани хӯрокворӣ ақиб нишаст.  Дар Муҳорибаи Карра зиёда аз 20 ҳазор римиҳо кушта, 10 ҳазор асир гирифта шуданд. Бисёр лашкаркашони Рим, аз ҷумла Публий  Красс, Марк Литсиний Красс нобуд шуданд. Худи Красс дар вақти гуфтушунид бо пртиҳо 10 май кушта шуд. Аҳамияти таърихии Муҳорибаи Карра аз он иборат аст, ки дар он римиҳо  бори аввал дар Шарқ шикасти сахт хӯрдаанд ва ҳаракати минбаъдаи истилогаронаи онҳо қатъ гардид.

Адабиёт: Разин Е.А. История военного искусства, том 1 Москва 1963: Гафуров Б.Г. Таджики,  Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва 1972.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …