Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳорибаи Бородино

Муҳорибаи Бородино

Яке аз муҳорибаҳои калонтарини байни армияи Россия (132 ҳазор аскар, 640 тӯп, фармондеҳ Наполеони I) дар давраи Ҷанги ватании 1812. 26 август (7 сентябр) 1812 дар наздикии деҳаи Бородино, 124 км ғарбтари Москва ба амал омада буд. Армияи рус (1-уми Ғарбӣ, фармондеҳ генерал М.Б. Барклай – де – Толли  2-юми Ғарбӣ фармондеҳ генерал П.И. Багратион) якҷоя бо қӯшуни эҳтиётии Н.А. Милорадович ва 21 ҳазор лашкари ихтиёрӣ 22 август (3 сентябр) ба Бородино омад. Кутузов қарор дод, ки дар ин ҷо ба франсавиён задухӯрди генералӣ кунад. Қаноти рост (зиёда аз 2/3 қӯшунҳои рус) то деҳаи. Москва, қаноти чап то деҳаи Утитса тӯл кашида буд. Дар натиҷа роҳи Новая Смоленская хеле хуб ба мудофиаи тайёр карда шуд. Барои он ки дар баландии Қӯрғон (батареяи Раевский) ва наздикии деҳаи Семёновск (истеҳкомҳои Багратион) корҳои мудофиавӣ ба анҷом расонда шаванд, қӯшунҳои рус қариб як шабонарӯз истодагӣ карда, қуваҳои зиёди душманро (40 ҳазор аскар, 186 тӯп) дар истеҳкоми Шевардинский нигоҳ доштанд.  Муҳорибаи Бородино 26 августи соати 5-30 дақиқа бо ҳуҷуми қӯшунҳои Франтсия (қариб 85 ҳазор аскар, 400 тӯп) бо истеҳкомҳои Багратион, батареяи Раевский ва қӯшунҳои рус сар шуд. Ҷанг барои истеҳкомҳои Багратион зиёда аз 6 соат давом карда, танҳо нисфирӯзӣ қӯшунҳои рус ба теппаи паси ҷарии Семёновск ақиб нишастанд. Ҳуҷуми дукаратаи франсавиён ба батареяи Раевский бемуваффақият анҷом ёфт. Барои ҳуҷуми ҳалкунандаи сеюм франсавиён 35 ҳазор аскар ва 300 тӯп ҷамъ карданд. Вале полкҳои аскарони савораи рус таҳти фармондеҳии генерал Ф.П. Уваров ва казакҳои генерал М.И. Платов бо фармони  М.И. Кутузов ба қаноти чапи душман зарба заданд. Ин ба қӯшунҳои рус имконият дод, ки гурӯҳҳои худро аз ав ҷо ба ҷо гузошта, қувваи нав ҷамъ кунанд. Соати 14 ҳуҷуми сеюми франсавиён сар шуд.  Баъди муҳорибаи сахт русҳо маҷбур шуданд ақибнишинӣ кунанд. Бо ҳамин ҳуҷуми душман қатъгардид. Соати 118 қӯшунҳои рус ба мавқеи хати деҳаи Горки- роҳи Старая Смоленская ақиб нишастанд. Баъди фаро расидани  торикӣ Наполеон  қӯшунҳои худро ба он тарафи деҳаи Калач бурд. Дар ин муҳориба франсавиён зиёда аз 58 ҳазор аскар, аз ҷумла 23 генералро талаф доданд. Талафоти калон ва набудани қӯшуни эҳтиётӣ Кутузовро маҷбур кард, ки армияи худро аввал ба Можайск  ва баъдтар ба Москва барад. Муҳорибаи Бородино барои мағлуб намудани Франтсияи Наполеонӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …