Маълумоти охирин

Муҳориба

Муҳориба, задухӯрди байни қӯшунҳо бо мақсади ғалаба ва ба даст овардани натиҷаҳои калони ҳарбию сиёсӣ. Да гузашта армияҳо назар ба ҳозира камшумор буданд. Дар Муҳориба яроқу аслиҳаи гуногун истифода гардида, қӯшуни душман торумор ва ё асир гирифта мешуд. Вобаста ба шароит Муҳорибаҳо дар хушкӣ, ҳаво ва дарёю баҳр ба амал меомаданд. Ҳарбу зарби асосӣ дар масоҳати хурд рӯй медод. Баъзан дар Муҳориба на фақат армия шикаст мехӯрд, балки тақдири давлат низ ҳал мешуд.  Масалан,  дар Муҳорибаи Карра  (53 то м, байни Империяи Рим ва Порт), Муҳорибаи Банипат, Муҳорибаи назди Говгомел (331 то м., байни қӯшунҳои Искандари Мақдунӣ ва Дорои 3 ), Муҳорибаи Наҳованд (642, байни арабҳо ва Сосониён), Муҳорибаи Хуҷанд (1220, байни истилогарони муғул ва аҳолии Хуҷанд бо сардории Темурмалик) тақдири давлатҳо ҳал шудааст.

Аз миёнаҳои асри 19 дар илми ҳарбӣ  калимаи “амалиёт” расмият пайдо кард ва мафҳумҳҳои  “муҳориба”, “амалиёт” ва “оператсия” ҳамчун синоним истифода шуданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) муборизаи гурӯҳҳои стратегиро дар самтҳои стратегӣ “Муҳориба”  меномиданд. Муҳорибаи Днепр, Муҳорибаи Курск, Муҳорибаи Ленинград, Муҳорибаи назди Москва, Муҳорибаи Сталинград аз калонтарин Муҳорибаҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор мераванд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …