Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Муҳокимаи суд

Муҳокимаи суд

Давраи асосии мурофиаи судии гражданӣ ва ҷиноятӣ.  Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ  Муҳокимаи суд мувофиқи тартиби муқарраркардаи Асосҳои мурофиаи судии гражданӣ (1961)  ва КПГ –и  республикаҳои иттифоқӣ ба амал гузаронда мешавад. Муҳокимаи суд аз тарафи суд дар ҳайати судя ва 2 нафар машваратчии халқӣ баргузор мегардад. Вазъияти кор бевосита аз тарафи суд бо иштироки шахсони манфиатдор, намояндагони ҷамъиятӣ ва дар баъзеҳолатҳо бо иштироки прокурор тафтиш карда мешавад.

Дар протсесси Муҳокимаи суд корҳои ҷиноятӣ масъалаи гунаҳкор (ё  бегуноҳ) будани судшаванда ва нисбат ба ӯ татбиқ кардан (ё татбиқ накардан)-и ҷазоро суд ҳал мекунад. Муҳокимаи суди корҳои ҷиноятӣ аз якчанд давр (тайёр намудани кор, тафтишу музокираи судӣ, сухани охирини судшаванда, қарор ва эълони ҳукм) иборат аст. Муҳокимаи суди корҳои гражданӣ давраи тайёру муҳокимаи моҳияти кор, музокираи суд, қарор ва эълони ҳалномаи судро дар бар мегирад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …