Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Муҳокимаи ғоибонаи кор

Муҳокимаи ғоибонаи кор

1) дар мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми набудани удшаванда аз тарафи суд муҳокима шудани кор. Муҳокимаи ғоибонаи кор дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ танҳо  дар ҳолатҳои фавқулодае, ки қонун пешбинӣ кардааст, гузаронида мешавад. (агар судшаванда дар ҳудуди ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ набошад ё ба суд ҳозир нашавад: вақте ки оид ба кори ҷиноятӣ маҳрум кардан аз озодӣ номумкин бошад, судшаванда Муҳокимаи ғоибонаи корро талаб намояд).

https://encrypted-tbn0.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcT8mwteXVvjAvg0GqWxyoyQSo5yfhK5QkJDMWgChsfmnfErsLZX8w

2) Дар мурофиаи гражданӣ  дар ғайби даъвогару ҷавобгар ё дар ғайби яке аз онҳо дар суд муҳокима шудани кор. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ба  Муҳокимаи ғоибонаи кор  дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки даъвогар ё ҷавобгар ё ҳар ду барои ғоибона дидани кор дар мурофиаи судӣ арз кунанд. Дар сурати ба маҷлиси суд ҳозир нашудани шоҳидон ё экспертҳо суд метавонад фикри шахсони иштирокчии кор ва хулосаи прокурорро дар бораи имконпазирии дидани кор дар ғайби  шоҳидон ё эксертҳои ҳозирнашуда шунавад ва доир ба давом додан ё мавқуф гузаштани муҳокимаи кор қарор  барорад. (моддаи 167 КПГ РСС Тоҷикистон).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …