Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ

Муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ

Фаъолияти ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ доир ба муҳофизати ҳаёт, тандурустӣ,шаъру шарафи гражданҳои советӣ, молу мулки онҳо, инчунин муҳофизати фаъолияти мӯътадил ва молу мулки идора, муассиса, ташкилоту шахсони мансабдор аз ҳамагуна таҷовузу тааддӣ ва қасди бад. Мушофизати тартиботи ҷамъият дар давлати сотсиалистӣ ба меҳнаткашон кафолати меҳнати эҷодкорона ва истироҳати маданӣ дода, ба ҳалли вазифаҳои сохтмони коммунистӣ мусоидат мекунад.

Мушофизати тартиботи ҷамъият маънои васеаш огоҳию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, гузаронидани ташқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, ҷустуҷӯи шахсони барои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷавобгарӣ саркашикарда, таъмини иҷрои қукмҳо, ташкили аз нав тарбиякунии маҳкумшудагон дар ҷойҳое ки мувофиқи ҳукми суд ҷазоро адо мекунанд, ташкили аз нав тарбия тарбия намудан ва истифода бурдани меҳнати шахсоне, ки аз меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ саркашӣ мекунанд ва ҳаёти зиддиҷамъиятию муфтхӯрона ба сар мебаранд, чорабиниҳоро барои пешгири намудани такроран ҷиноятсодиркунӣ аз тарафи шахсоне, ки мӯҳлати ҷазоро адо кардаанд, дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин Мушофизати тартиботи ҷамъият меҳофизати гражданҳо, манзолгоҳ ва молу мулки онҳо ҳангоми офатҳои табиӣ, сӯхтор, фалокат ва ғайраро дар бар мегирад.

Бо маънои маҳдушаш Мушофизати тартиботи ҷамъият риояи тартибот дар кӯчаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар нақлиёт, инчунин дидани чораҳои махсус доир ба риояи тартибот дар вақти идҳо, намоишҳои оммавӣ, вохӯрӣ бо вакилон ва ғайраро ифода мекунад.

Дар шаҳрҳо, пунктҳои аҳолинишин ва дар нақлиёт Мушофизати тартиботи ҷамъиятро органи милитсия таъин мекунад. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ: дружинаи халқӣ, суди рафиҳона, комиссияҳои гуногуни ҷамъиятӣ, инспексияҳо, советҳо доир ба Мушофизати тартиботи ҷамъият  дар соҳаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ корҳои зиёд мебаранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …