Маълумоти охирин
Главная / Биология / Муҳофизати табиат

Муҳофизати табиат

Системаи чорабиниҳои давлатию ҷамъиятиест, ки мақсад аз он истифодаи оқилона, барқарор, афзун ва муҳофизат намудани сарватҳои табиат ва ғайра мебошад. Вазифаи асосии Муҳофизати табиат ба муддати ҳарчи дароз нигоҳ доштани захираҳои барқароршавандаи табиӣ ва барқарору беҳтар намудани захираҳои барқароршаванда.  Қонунҳои аввалин оид ба Муҳофизати табиӣ ҳануз дар замонҳои қадим (масалан, тартиби моҳигирӣ соли 246 то м. дар Осиё маълум буд) вуҷуд дошт. Моликияти хусусӣ будани сарватҳои табиат Муҳофизати табиат монея мешуд. Аз миёнаҳои асри 19 дар натиҷаи зиёд шудани талабот ба чӯбу пахта дарахтони бешаро бераҳмона мебуриданд. Дар бисёр ноҳияҳо анбӯҳи беша пурра ё қисман набуд шуд. Баъди пайдо шудани яроқи оташфишон ва дигар таҷҳизоти мукаммали шикор бисёр намуди ҳайвонот ва парранда маҳв гашт ва қисме аз онҳо дар зери хавфи нестӣ мебошанд. Дар мамлакати мо баъди ғалабаи Револютсияи Октябр кори Муҳофизати табиат васеъ ба роҳ монда шуд. Аввалин декрети Ҳокимияти Советӣ “Дар бораи замин” (1917), ки онро В. И. Ленин имзо кардааст, замин, сарватҳои зеризаминӣ, обу ҷангалро сарвати умумихалқӣ эълон кард. Бо ҳамин мухолифати асосии байни характери ҷамъиятии Муҳофизати табиӣ  ва тарзи хусусии капиталистии истифодабарии сарвати табиӣ аз байн бардошта шуд. Дар натиҷаи имконияти истифодаи мунтазами комплексии захираҳои табиӣ ва пеш гирифтани тадбирҳои муҳофизатӣ фаро расид. Баъдтар як қатор декрету қаторҳо аз қабили “Дар бораи беша” (1918), “Дар бораи комитети марказии назорати об” (1919), “Дар бораи мавсими шикор ва ҳуқуқ ба дошта яроқи оташфишон” (1919), “Дар бораи назорати замин” (1920), “Дар бораи назорати ёдгориҳои табиат, боғ ва чорбоғҳо”  (1921) ва ғайра қабул карда шуданд, ки боиси истифодаи оқилона ва муҳофизати сарватҳои табиат гаштанд. Соли 1924 Ҷамъияти умумироссиягии назорати табиат ва баъдтар ҷамъиятҳои республикаҳои иттифоқӣ, Комитети давлатии Муҳофизати табиат (1925-1933) ташкил ёфтанд. Соли 1929 Съезди умумироссиягии муҳофизати табиат ва 1933 Съезди умумииттифоқии муҳофизати табиат шуда гузашт. Таъсири мунтазами одам ба табиат талаб мекунад, ки чорабиниҳои назорати табиат дар миқёси байналхалқӣ ба амал бароварда шудааст. Ассамблеяи Генералии ТДМ (№ 1813/XVII аз 18 декабр 1962) оид ба “Тараққиёти иқтисодӣ ва назорати табиат” револютсия қабул кард. Соли 1948 бо ташаббуси Юнеско, Лигаи швейсари оид ба муҳофизати табиат ва ҳукумати Франсия (дар Конференсияи Фонтенбло) Иттифоқи байналхалқии муҳофизати табиат ва захираҳои табиӣ (ИБМТ) таъсис ёфт. ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз соли 1957 то 1964 дар ҳама республикаҳои иттифоқӣ оид ба Муҳофизати табиат қонун қабул карда шуд. 29 декабр 1972 КМ КПСС ва Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ “Оид ба пурзӯр намудани муҳофизати табиат ва беҳтар кардани истифодаи захираҳои табиӣ” қарор қабул кард. Аз соли 1974 баплангирии чорабиниҳои Муҳофизати табиат чун қисми таркибии планҳои ҷорӣ ва перспективии тарақиёти хоҷагии халқи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ҷорӣ шудааст.

Дар қатори Совети Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ “Дар бораи чораҳои минбаъд ҳам беҳтар кардани муҳофизати ҷангал ва оқилона истифода бурдани сарватҳои ҷангал” (1977) гуфта шудааст, ки Партияи коммунистӣ ва Давлати Советӣ дар бораи муҳофизат намудан ва афзун гардонидани сарватҳои ҷангал, дар бораи таъмини истифодаи эҳтиёикоронаи онҳо ҳамеша ғамхорӣ мекунанд. Дар қарорҳои Съезди 26-уми КПСС, дар Плани давлатии тараққиёти хоҷагии халқи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ барои солҳои 1981-1985 роҳҳои асосии минбаъд ҳам тараққӣ додани хоҷагии ҷангал, тадбиқи программаи муфссали Муҳофизати табиат ва таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ муайян карда шудааст. Дар Ассамблеяи Генералии 14- уми ИБМТ ки дар Ашқобод (25 сентяб- 2 октябр 1978) баргузор гардид, оид ба экология, планкашии ландшафтҳо, чорбоғҳои миллӣ, ғӯруқу мамнӯъгоҳҳо,намудҳои камшумора нодири набототу ҳайвонот, маъалаҳои муҳофизати муҳит, афзун карда сарватҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи онҳо ва ғайраҳо сухан рафт, инчунун туркманистонии муҳофизати табиат ба аъзоии ИБМТ қабул карда шуд.

Дар гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон буридани дарахтони азим, гирифтани моҳии чашмаҳои “муқаддас” ва ғайра манъ буд. Вале бераҳмона буридани дарахтони беша ва фаъолияти хоҷагии одамон ба олами набототу ҳайвонот зарари калон расонд. Муҳофизати табиати Тоҷикистон фақат солҳои Ҳокимияти Советӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1938 ба мақсади муҳофизати ландшафти аҷоиби республика дар поёноби деҳаи Вахш аввалин мамнӯъгоҳи “Полвонтӯғай” ташкил ёфт, ки 50 ҳазор га-ро дар бар мегирад. Соли 1942 оид ба шикор ва муҳофизати ҷангали РСС Тоҷикистон маҷмӯаи қонунҳо нашр шуд. Соли 1956 дар назди Президиуми АФ РСС Тоҷикистон оид ба Муҳофизати табиат комиссия ташкил ёфт ва он барои барпо намудани Шӯъбаи муҳофизати табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ асос шуд. 25 ноябри 1959 сессияи 2-юми Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъват 5) оид ба муҳофизати табиат қонун қабул кард. Дар республика ҷамъияти шикорчиёну моҳигирог (1956), муҳофизати табиат ва сабзкорӣ (1960) ташкил шудааст. Солҳои 1961-1978 партия ва ҳукумати республика оид ба муҳофизати табиат дар бораҳои чораҳои мубориза ба муқобили ифлосшавии ҳаво дар маҳалҳои аҳолинишин, муҳофизати захираи об, роҳҳои муҳофизати хок аз эрозия ва мубориза ба муқобили сел, пурзӯр намудани Муҳофизати табиат ва беҳтар кардани кори мамнӯъгоҳу ғӯрукҳо, муҳофизат ва афзун намудани сарвати табиӣ (якчанд сол манъ кардани шикор) ва ғайра як қатор қонунҳо қабул кард. Соли1959 бо мақсади муҳофизати гӯшаҳои табиати миёнакӯҳ ва баландкӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор дар дараҳои Сардаи Миёна ва Сорбо мамнӯъгоҳи “Ромит” (бештар аз 16 ҳазор га) ташкил дода шуд. Оид ба муҳофизату афзун кардани намудҳои камшумор ва нодири ҳайвоноти ваҳшӣ: архар, ғурм, муфлон, (гӯсфандҳои кӯҳи), ғазол, морхӯр, нахчир, хоргул, тазарв ва ғайра тадқиқотҳои зоологию экологӣ гузаронида,усулҳои истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии республикаро кор карда баромаданд. Дар Тоҷикистон 15 ғӯруқи давлатӣ ҳаст. Аз ҷумла ғӯруқҳои орнитологии Зарафшон (муҳофизати тазарв); комплексии Қаротоғ (муҳофизати пистазор); шикории Даштиҷум (муҳофизати морхӯр); комплексии Сарихосор; комплексии Помир ва ғайра. Масоҳати умумии онҳо бештар аз 850 ҳазор га мебошад. Инчунин бунёд намудани чорбоғи табиии миллӣ дар Помир пешбини шудааст. Назорати давлатию қамъиятии республикаро оид ба Муҳофизати табиат Комиссияи Совети Олии РСС Тоҷикистон оид ба муҳофизати табиат, Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба хоҷагии ҷангал, вазоратҳои мелиоратсия ва хоҷагии об, нигаҳдории тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, идораи хоҷагии моҳӣ, ҷамъиятҳои муҳофизати табиат ва сабзкорӣ, шикорчиёну моҳигирон ва шӯъбаҳои вилоятию районии онҳо, инчунин комитетҳои иҷроияи Совети депутатҳои халқии маҳалҳо ба амал мебароранд. Дар моддаи 67 Конститутсияи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ гуфта шудааст: “Гражданинҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ вазифадоранд, ки табиат ва сарватҳои онро муҳофизат намоянд”.  Ниг. низ “Китоби сурх”, МуМуҳофизати ҷангал.

Ад.: Благосклонов К. Н. (ва дигарҳо) Охрана природы. М., 1967: Сапожников Г. Т., Ратсионалное исползование и охрана природных богатств Таджикистана, Д., 1967: ҳамон муаллиф, Заповедники Таджикистана, М., 1973; Гладков Н. А. (ва дигарон), Охрана природы, М., 1975; Банников А. Г., Рустамов А. К., Охрана природы, М., 1977; Воронтсов А. И., Харитонова Н. З., Охрана природы, М., 1977; Астанин Л. П. , Благосклонов К. Н., Охрана природы, М., 1978.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …