Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳофизат аз яроқи қатлӣ ом

Муҳофизат аз яроқи қатлӣ ом

Маҷмӯи чораҳои муҳофизаи қӯшун, аҳолӣ ва иншоотӣ хоҷагии халқ ва аслиҳаи ядроӣ, химиявию бактеорологии душман.  Тамоми командирон ва штабҳо муҳофизати қӯшунро аз яроқи қатли  ом бо чунин  мақсад ташкил мекунанд: ба ҳадди имкон кам кардани зарари аслиҳаи ядроӣ, химиявию бактериологии душман, барқарор намудани қобилияти ҷангии қӯшун, ки аз ин аслиҳа зарар дидааст, фароҳам овардани шароити амалиёт дар маҳали истифодаи ин аслиҳа.  Чораҳои муҳофизати қӯшун, сари анд вақт иваз кардани маҳалли ҷойгирии қӯшун, аэродром, итгоҳи киштиҳо бо мақсади душворшавии ёфтани онҳо, огоҳонии қӯшун бо усули махсус дар бораи сирояти радиоактивӣ, химиявӣ ва бактериологии маҳал, истифодаи воситаҳои фардии муҳофизат, хандақҳо, шинакҳо, блиндажҳо, паноҳгоҳҳои дорои таҷҳизоти махсус аз тарафи ҳайати шахсӣ, истифодаи ҳар гуна ҷои паноҳ барои муҳофизаи аслиҳа, техника ва воситаҳои моддӣ. Барои ба даст овардани маълумот дар бораи оқибати аз тарафи душман кор фармуда шудани аслиҳаи қатли ом дар минтақаи амалиёти қӯшун ва дар маҳалли ҷойгирии он разведкаи радиатсионӣ, химиявӣ ва бактериологӣ гузаронда мешавад. Бо роҳи ҳисобҳои назариявии натиҷаи ҳуҷум талафоти тахминии ҳайати шахсӣ, аслиҳа, техника, воситаҳои моддӣ, қитъаҳои зарардида, вайрониҳо, сӯхторҳо, обхезиҳо, навъ ва ҳаҷми кор оид ба барҳам додани зарари ҳуҷум муайян мегардад. Ораҳои тиббии муқобили вабо, санитарию гигиенӣ ва пешгиркунанда мебинанд, таъсири шуои радиатсияро ба ҳайати шахсӣ, зарари онро ба одамон, аслиҳа, техника, нақлиёт, воситаҳои моддӣ ва об муайян мекунанд. Барҳам додани оқибати зарари аз тарафи душман истифода шудани яроқи қатли ом тадбирҳои зеринро дар бар мегирад: ёрӣ ба зарардидагон, наҷотдиҳи, аз ҷиҳати санитарӣ тоза кардани ҳайати шахсии қӯшун ва техникаи ҷангӣ, барқарор кардани роҳҳои манёври қӯшун, хомуш ва безарар кардани сӯхтор,  мубориза бо ангезандагони касалиҳо дар ҷои зарардида ва ғайра.

Бо мақсади муҳофизати шаҳрҳо ва иншооти хоҷагии халқ аз яроқи қатли ом корҳои зерин ба ҷо оварда  мешаанд: ба маҳалҳои бехатар кӯчондани қисми аҳолии шаҳрҳое, ки тахмини ба зарбаи душман дучор шудан доранд, бо паноҳгоҳ, гурезгоҳ, воситаҳои фардии муҳофизат таъмин кардани аҳолӣ, дидани чораҳои пешгиркунанда, санитарию гигиенӣ ва ғайра фароҳам овардани шароит барои кори мӯътадили хоҷагии халқ, чораҳои эҳтиёти хӯрокворӣ, об, муҳофизати растанӣ, ҳайвонот ва ғайра. Шаҳрҳо ва иншооти хоҷагии халқ бо тадбирҳои мудофиаи умумидавлатӣ муҳофизат карда мешаванд.  (Нигоҳ Муҳофизати гражданӣ).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …