Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Мӯҳлати санҷиш

Мӯҳлати санҷиш

Мӯҳлати санҷиш дар ваҚти қабул ба кор, мувофиқи қонуни советӣ озмоиши коргар ё хизматчӣ ҳангоми ба кор қабул шудан. Мӯҳлати санҷиш ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ ҳамчун шарт қайд кар­да мешавад. Мӯҳлати санҷиш барои коргарон набояд аз 1 ҳафта, барои хизматчи- ён аз 2 ҳафта ва барои хизматчиёне, ки ба корҳои масъулиятнок қабул карда мешаванд, аз 1 ҳох зиёд бо­шад. Дар вақти қабули коргароне, ки бояд аттестатсия шаванд, дар институтҳои илмӣ, лоиҳакаши, лоиҳавӣ — конструкторӣ, ташкилотҳои техноло­гӣ ва шӯъбаи институтҳои илмии мак- табҳои олӣ Мӯҳлати санҷиш мумкин аст то 3 моҳ ва дар баъзе ҳолатҳо бо рози- гии Комитети маҳаллии фабрикию заводи (КМФЗ) то 6 моҳ муқаррар. шавад. Агар Мӯҳлати санҷиш тамом шаваду ва­ле коргар ё хизматчӣ корро давом додан гирад, он гоҳ ӯ аз санҷиш гузаштагӣ ҳисоб шуда, минбаъд бекор кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои умумӣ мумкин аст. Агар натиҷаи Мӯҳлати санҷиш ғайриқаноатбахш бо­шад, маъмурият коргарро бе ризоияти КМФЗ ёрдампулӣ надода аз кор озод мекунад. Шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст, коргарҷавононе, ки омӯзишгоҳҳои касбҳои техникиро хатм кардаанд; мутахассисони ҷавон баъди хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, инвалидонн Ҷан­ги Бузурги Ватание, ки аз ҳисоби бронҳои махсус ба кор фиристода шудааяд, бе Мӯҳлати санҷиш ба кор қабул кар­да мешаванд. Санҷиш инчунин ҳан­гоми дар маҳалли дигаг ба кор қабул кардан ва ҳангоми аз як корхона ба корхонаи дигар гузаронидан муқаррар карда намешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …