Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҳити ғизо

Муҳити ғизо

Муҳити моеъ ё сахте, ки барои дар лаборатория ё саноат парвариш намудани бактерияҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо ва ғайра истифода мешавад.  Муҳити ғизои синтетикӣ аз маҷмӯи муайяни  пайвастҳои  органикӣ ва ғайриорганикие иборат аст, ки чун манбаи карбон, нитроген, фосфор, сулфур, калий, натрий, микроэлементҳо ва дигар компонентҳои зарур хизмат мекунанд. Ба Муҳити ғизои органикии мураккаб шираи пиво, шир ва ғайра дохил мешаванд. Бо иловаи 2% агар-агар ё 10% желатина Муҳити ғизои моеъ ба сахт табдил меёбад. Ба сифати Муҳити ғизои сахт картошка ё сабзии майдакарда, донаҳои биринҷ, гандум, мояи асп ва ғайраро пешакӣ дар автоклав аз бактерияҳо тоза мекунанд. Ба ғайр аз муҳитҳои  дар боло зикрёфта, ки универсалианд Муҳити ғизои махсус – элективӣ (барои рушди хелҳои муайяни микроорганизмҳо) ва дифферентсиалӣ-ташхисӣ ( барои муайян кардани намудҳои патогении микроорганизмҳо) низ мавҷуданд.

Инчунин кобед

21155170584_2b5f3058cc_o

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …