Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҳити географӣ

Муҳити географӣ

Муҳити табии ҷамъияти инсонист, ки бо ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолии одамон алоқамандии бевоситае дорад. Муҳити географӣ дорои чор нишонаи асосист: 1) Муҳити географӣ танҳо  ба ҷамъияти одамони рӯи Замин хос буда, дар сайёраҳои дигар вуҷуд надорад. Агар инсоният аз ҳудуди Замин берун барояд, вай дар сайёраҳои дигар на бо Муҳити географӣ балки бо муҳити тамоман дигар вомехӯрад. 2) Муҳити географӣ маҷмӯи шароитҳои табиист, ки ғайри дахолати инсон ба вуҷуд омадааст. Он унсурҳои муҳит (шаҳрҳо, заводҳо, стансияҳои электрикӣ ва ғайра), ки одамон бунёд кардаанд, ба таркиби Муҳити географӣ дохил намешаванд ва муҳити техногении махсусро ташкил  медиҳанд. 3) Муҳити географӣмуҳитест барои таъсири мутақобили табиат ва ҷамъият: бинобар ин территорияҳое, ки аз ин муҳит берунанд, ба Муҳити географӣ мансубият надоранд. 4) Муҳити географӣ бо мурури замон ҳаҷман ва мазмунан вусъат меёбад, зеро ҷамъияти инсонӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи худ заминҳои нав ба нав ва қисмҳои таркибии нави табиатро истифода  мебарад: меъёри боигарии табиат ҳамеша як хел бошад ҳам, Муҳити географӣ дар ибтидои ҷамъияти инсонӣ нисбат ба ҳозира маҳдудтар буд. Баъзе олимон Муҳити географӣ ва табақаи географии Заминро айнан як чиз мешуморанд, ки ин хатост.  Чунки баробарт тараққиёти ҷамъияти инсонӣ ҳудуди Муҳити географӣ бетағйир мемонад: танҳо  дар оянда мумкин аст, ки Муҳити географӣ тамоми табақаи географиро фаро гираду ҳатто аз ҳудуди он (Заминро тарк накарда) берун барояд. Муҳити географӣ яке аз шартҳои доимӣ ва зарурии инкишофи ҷамъият аст, ки он метавонад ин инкишофро тезонад ё суст кунад, вале қувваи асосӣ ва пешбаранда шуда наметавонад, зеро қонунҳои инкишофи табиат ва ҷамъият тамоман мухталифанд.

Инчунин кобед

21155170584_2b5f3058cc_o

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …