Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҳити байниситоравӣ

Муҳити байниситоравӣ

Муҳити байниситоравӣ, газ, чангу ғубор, нурҳои кайҳоние, ки муҳити системаҳои ситоравӣ –галактикаҳоро пур кардаанд. Муҳити байниситоравӣ аз муҳити байнисайёравӣ ва муҳити байнигалактикӣ фарқ мекунад. Моддаи асосии Муҳити байниситоравӣ газест, ки он аз гидроген ва гелий (бо ғашҳои оксиген, нитроген, гази карбон)  ва ғайра иборат аст.

Дар Галактикаи мо диаметри абрҳои байниситоравӣ одатан 5-40 пк контсентратсияи атомҳо дар 1 см кубӣ аз 2 то 100, ҳарорат аз 20 то 100 Контсентратсияро ташкил медихад. Байни абрҳо зичии газҳо хурдтар (100 атом/дм кубӣ), ҳарорат бошад 7000 К мебошад: атомҳои гидроген асосан нейтрал буда, дарозии мавҷи афканишоташон 21 см аст. Дар қарибии ситораҳои тафсон гидрогени ионизонидашуда ҳаст, ки ҳарораташ 7000 К ва аз он  зиёдтар мешавад. Спектри онҳо аз хатҳои дурахшони гидроген ва баъзе ионҳои дигар иборат мебошанд.  Ғайр аз газҳо Муҳити байниситоравӣ зарраҳои чанг – моддаҳои сахти андозаашон аз 0,1 то 1 мкм дорад. Чанг бештар нурҳои кабудро фурӯ мебарад. Аз ин сабаб нури кабуди ситораҳои дур суст буда, онҳо сурхчатоб менамоянд. Абрҳои зичи газу ғубор, ки равшании Роҳи Каҳкашонро фурӯ мебаранд, тира метобанд. Фазои байни галактикаҳоро муҳите пур мекунад, ки зичиаш  назар ба зичии Муҳити байниситоравӣ 4-5 маротиба кам аст.

Инчунин кобед

21155170584_2b5f3058cc_o

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …