Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҳити байнисайёравӣ

Муҳити байнисайёравӣ

Фазои байни сайёраҳоро гӯянд, ки бо ҷисмҳои сахти андозаашон аз якчанд км то якчанд мкм (онҳо дар натиҷаи коҳидани ядроҳои кометаҳо ба вуҷуд меоянд), ионҳо ва электронҳои аз тоҷи офтобӣ хориҷшуда (боди офтобӣ), инчунин бо зарраҳои баланэнергия ва ядроҳои атомии аз қаъри Галактика меомадагӣ пур мебошад.

Аз таъсири боди офтобӣ миқдори гази  Муҳити байнисайёравӣ кам мешавад. Аксари ҷисмҳои сахт  ва зарраҳои Муҳити байнисайёравӣ дар назди ҳамвории эклиптика гирдогирди офтоб ҳаракат мекунанд: контсентратсияи онҳо дар наздикиҳои офтоб зиёд  аст. Шуоъҳои офтоб бо зарраву чанг бархӯрда пароканда мешаванд, дар натиҷа,  афканишоти суст-рӯшноии зодиакӣ ба вуҷуд меояд.

Омӯзиши хосият ва тавсифоти  Муҳити байнисайёравӣ дар тадқиқоти кайҳонӣ аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

21155170584_2b5f3058cc_o

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …