Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҳити аъзам

Муҳити аъзам

“Баҳри кабир”, китоби Муҳаммад Аъзамхон ибни Шоҳаъзамхон оид ба тиб, ки соли 1879 ба забони форсӣ-тоҷикӣ  дар чор ҷилд таълиф шудааст. Ин китоб, ки соли 1896 да Канпур ба табъ расидааст, 14967 номи давоҳои муфрадро дар бар мегирад. Муаллиф ба ғайр  аз доруҳое, ки тавсифашон дар китобҳои тиббии форсӣ ва арабӣ сабт ёфтааст, дар хусуси адвияе низ маълумот додааст, ки дар маъхазҳои юнонӣ, ҳиндӣ, суриёнӣ ва ғайра мавҷуд буданд.

Китоб аз ду мақсад (қисм) иборат аст. Мақсади аввал даҳ фасл дорад: 1) баёни таърифи даво ва ғизо: 2) дар хусуси мизоҷҳои адвияи муфрада: 3) шинохтани кайфияти дараҷоти давоҳо ва маротиби онҳо: 4) маърифати қувваҳои адвия бо таҷриба: 5) шинохтани адвияи муфрада ба қиёс, вобаста будани таъсири даво ба маҳал, фаслҳои сол, ба  бадани ашхоси мухталиф, таъсири ҳарорат, сардӣ, хушкӣ, рутубати иқлим ба онҳо: 6) таъсири давоҳои муфрада, сифат ва номҳои онҳо: 7) бо усулҳои гуногун (ҷӯшонидан, кӯфтан, шустан, тар кардан ва ғайра) собит намудани адвия: 8) ҷамъ ва ҳосил кардани адвия, захира кардан ва нигоҳ доштани он: 9) мӯҳлати  нигаҳдории баъзе адвияи муфрада: 10) истилоҳот ва луғатҳои тиб.  Мақсади дуюм ба ду фасл ҷудо мешавад: фасли якумро муаллиф ба даҳ манфиат қисмат дода дар онҳо оид ба аъзои бадан, кайфияти инсон, ахлоти асл ва пояи бадан, хӯрданӣ ва нӯшиданӣ, мулкҳо ва иқлимҳо, таъми ғизоҳо, адвия ва манфиати онҳо маълумот медиҳад. Дар фасли дуюм маълумот дар бораи баёни вазнҳо ва ченакҳои ҳиндии тиб, пайдоиши таърихи афкори тиббии ҳинд, ном ва сифатҳои умумии давоҳо ва мулоҳизаҳо оид ба аъзои бадан, истеъмоли ғизо ва давоҳо, инчунин заҳрҳо баён ёфтааст.

Дар ин асар муаллиф кӯшидааст, ки давоҳоро то ҳадди имкон ба забони соддаву фасеҳ шарҳ диҳад. Омӯхтани ин асар дар тибби ҳозира аҳамияти илмӣ ва амалӣ хоҳад дошт

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …