Муҳити зиндагӣ ва фаъолияти истеҳсолии инсониятро гӯянд. Истеҳсоли “Муҳит” одатан Муҳити табии атрофи инсонро ифода менамояд: басе ба доираи ин мафҳум унсурҳои Муҳити маснуъ (манзил, корхонаҳои саноатӣ, каналу амбор ва ғайра)-ро низ дохил мекунанд. Ба қадри тараққии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва вусъати доираи фаъолияти инсон, ки қариб тамоми табақаи ҷуғрофиро фаро мегирад, чорабиниҳои комплексӣ оид ба муҳофизати табиат зарур шуда истодаанд.