Главная / Илм / Муҳит- ут -Таворих

Муҳит- ут -Таворих

Асари таърихиест иборат аз ду ҷилд, ки онро Муҳаммадамин ибни Муҳаммадзамони Бухороии Сӯфиёнӣ с 1699 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. “Муҳит- ут -Таворих” аз муқаддима ва 10 боб иборат буда, аз худи пайдоиши Одам, таърихи пайғамбару подшоҳу ҳукамои то-исломӣ, таърихи Муҳаммад пайғамбар ва 4 халифаву 12 имом, таърихи Умавиён, Аббосиён, Сомониён, Чингизиён ва Темуриёнро дар бар гирифта, бо таърихи Субҳонқулихон (1680-1702) ба итмом мерасад. Дар хотимаи “Муҳит- ут -Таворих” маълумотҳои тарҷумаи ҳолии нависандагону шоирон, рассомони намоён оварда шудаанд. Дар ибтидои асри 20 “Муҳит- ут -Таворих”-ро Муҳаммадрофеи Охунди Хоразмӣ аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Дастнависи асар дар захираи дастнависҳои АФ РСС Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …