Маълумоти охирин

МУҲИШ ХӮҚАНДӢ

nophotoМУҲИШ ХӮҚАНДӢ        (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири зуллисонайн. Дар охири асри 19 — аввали асри 20 умр ба сар бурда аст. Ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър гуфтааст. Ба якчанд шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Афғонистон сафар карда, бо шоирону донишмандони давр (Асирӣ, Таҷаллӣ, Насимии Хӯқандӣ) робитаи дӯстӣ ва мукотиба доштааст. Аз Муҳиш Xӯқандӣ ду девон — форсӣ (тоҷикӣ) ва туркӣ (ӯзбекӣ) боқӣ мондааст, ки дар онҳо ғазалиёт, қитъаот, рубоиёт ва маснавиҳои кӯтоҳ инчунин мувашшаҳоту муламмаот ва мактуботи ӯ фароҳам омадаанд. Мавзӯи асосии эҷодиёти Муҳиш Xӯқанд ишқ аст. Вай аз сифатҳои маъшуқа, дарди хиҷрону висоли ошиқ сухан меронад. Афкори пандуахлоқии Муҳиш Xӯқанд дар ғазалиёт, рубоиҳо ва қитъаҳояш баён шудааст.

Ад.: Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР. том IV, Д.. 1970.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …