Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХИН Михаил Митрофанович

МУХИН Михаил Митрофанович

personМУХИН Михаил Митрофанович (таваллуд 8. 11. 1915, стансияи Исилкӯ-ли роҳи оҳани Омск), рассоми театр. Рассоми Халқии Республикаи Советии Сотсиалисти Тоҷикистон (1974), Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалисти  Тоҷикисон (1957), Аъзои ИР Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1975). Баъди хатми Омӯзишгоҳи рассомнии Самарқанд (1935— 41) дар он ҷо ҳамчун муаллим кор кард. Солҳои 1943—50 дар шуъбаи театрию декорасионии Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И. Б. Репин, Ленинград (коргоҳи профессор М. П. Бобышев) таҳсил намуд. Солҳои 1950—54 рассоми ороишгари Театри драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, аз соли 1954 саррассоми Театри драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Мухин бештар аз 200 спектакли жанрашон мухталифро оро додааст. Мухин аз имкониятҳои санъати тасвирӣ ва театр моҳирона истифода бурда, мекӯшад, ки декорасия ва ороиши саҳна мундариҷаи идеявию бадеия спектаклро қувват диҳад. Истифодаи ус-токоронаи рангҳо ва сабти моҳиронаи таносуби равшаниву тирагӣ яке аз сифатҳои муҳими санъати рассомии ӯст. Дар қатори беҳтарин корҳои Мухин ороиши саҳнаи «Қиссаи муҳаббат»-и И. Ҳикмат (1954), «Шоҳ Лир»-и Улям Шекспир (1957), «Макр на муҳаббат»-и Ф. Шиллер (1962), «Қурбонӣ»-и Р. Такур (1959), «Отелло»-и Улям Шекспир (1963), «Хизматгори ду хоҷа»-и К. Гольдони (1964) ва гайраро номгир кардан мумкин аст. Ҳаматарафа омӯхтани матн ва дар асоси материали мавҷуда таҷассум намудани рӯҳияи замон боиси бова-рибахшу аз ҷиҳати бадеӣ мукаммал баромадани образҳои ин спектаклҳо гардидаанд. Ороиши саҳнаи песаҳои драматургони советӣ «Соати бурҷи Кремл»-® Н. Погодин (1960) ва «Торумор»-и Б. Лавренёв (1961) дорои ҷиддияту ифода воқии ба худ хосест. Песаи «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода (1958) бо декорасияи миллӣ ба ороиши фаромӯшнашаванда музайян гаштааст. Ороиши саҳнаи песаи инқилобии «Тӯфон*-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов (1957) бо дипломи дараҷаи 2-юми Азназаргузаронии умумироссиягии театрҳо тақдир карда шуд. Декорасияи песаи таърихию инқилобии «Ҳуррият»-и  Ғ. Абдулло (1964) бо доманадорӣ ва умумияти тасвир, муассирӣ ва романтикаи олӣ фард мекунад. Спектакли «Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло (1976), ки дар заминаи материалҳои таърихӣ ороиш ёфтааст, дорои салобату шукӯҳ ва ҷӯшу хурӯши ҳаётист. Рассом ягонагии уэвиеро, ки дар як ҷузъи ороиш барои кушодани мундариҷаи идеявию бадеии спектакл мувофиқат мекунад, дастрас намудааст. Мухин инчунин дар Театри академии опера ва балети ба коми Садриддин Айнӣ саҳнаи операҳои «Арӯси шоҳ»-и Н. Римский-Корсаков (1953), «Мазепа»-и П. Чайковский (1956), «Рӯдакӣ»-и Ш. Сайфиддинов-ро (1974) холе ҷозиб оро додааст. Ороиши саҳнаи песаҳои «Мещанҳо» (1953) ва «Писарони офтоб*-и Максим Горкий (1956), «Гургҳо ва гӯсфандон»-и Александр Островский (1955), «Майити зинда»-и Лев Толстой (1952), «Калиназор» (1950) ва «Болҳо»-и А. Корнейчук (1955),’ «Поезди зиреҳпӯши 14—69»-и В. Иванов (1952) ва ғайра дар Театри драмаи русии ба номи Владимир Маяковский маҳсули эҷоди ӯст. Иштирокчии гастроли ҳисоботии театрҳо дар Москва солҳои 1957 (Даҳаи маданияти тоҷик), 1968, 1973 ва гастроли Театри драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Афғонистон (1968). Иштирокчии Выставкаҳои умумииттифоқӣ ва республикавии рассомон. Асарҳои Мухин дар музеи Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи Репин, Музеи муттаҳидаи кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ (Душанбе), Музеи давлатии санъати театрии ба номи А. Бахрушин (Москва) маҳфузанд. Мухин бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва 3 медал мукофотонида шудааст. М. Мелик-Саадям.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …