Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲИДДИНОВ Санг

МУҲИДДИНОВ Санг

nophotoМУҲИДДИНОВ Санг таваллуд 2.1.1917, деҳаи Мавлонҷари Поён, ҳозира райони Ҳисор), пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ(1948). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ аз соли 1945. Соли 1937 Мактаби партиявиро хатм кардааст. Солҳои 1937-39 раиси совети қишлоқи Навобод  1941—44 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1944—46 китоби якуми Комитети комсомолии район, 1946—48 сардори звенои пахтакории колхози ба номи Г. К. Орҷоникидзе, 1948—49 котиби Комитети иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони район, 1949—51 раиси колхози ба номи Владимир  Илич Ленин (ҳозира «Москва»), 1951—56 котиби Комитети партиявии район, 1956—59 котиби ташкилоти партиявии колхози «Ленинизм», 1959—61 раиси Советии қишлоқ Навобод, 1961—76 сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинизм»-и райони Ҳисор ва аз соли 1976 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Муҳиддинов солҳои 1945—47 ҳосили фаровони пахта рӯёндааст. Бо ордена Ленин, ордени «Нишони Фахрӣ», 9 медал ва Граматаҳои Фахрии Президиуми Совети  Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …