Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович

МУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович

nophotoМУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович (таваллуд 16.12.1924, шаҳри Бухоро), рентгенологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1970). Баъди хатми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1944) то соли 1947 мудири шуъбаи нигаҳдории тандурустии pайони Ғарм буд.

Солҳои 1948—50 сардухтури курорти Обигарм; 1951 —55 мудири шуъбаи нигаҳдорин тандурустии вилояти Ғарм. Солҳои 1956—57 дар Вазорати нигаҳ-дории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон кор кар-

дааст. Солҳои 1958—69 аспирант, ассистент, досент, аз соли 1970 мудири кафедраи рентгенология ва радиологиян Институти давлатии тиббии Тоҷикистон. Асарҳои илмии Муҳиддинов асосан ба балнеология ва масъалаҳои истафодаи изотопҳои радиоактивӣ дар ташхиси бемориҳо бахшида шудаанд. Таъсири оби минералии курорта Хоҷа-обигармро ба рӯда ва талхадон омӯхт; имкониятҳои истифодаи фосфори радиоактивиро барои ташхиси бармаҳали бемории ғадудҳо ва рӯдаи рост муайян кард; оид ба масъалаҳои комплексии ташхиси рентгению радиологии варами саратон тадқиқот гузаронд. Муҳиддинов муаллифи кариб 50 мақолаҳои илмӣ ва монография мебошад. Аъзои ҳайати таҳририяи журнали умумииттифоқии «Медицинская радиология» аст. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.

Асос: Радиационная диагностика заболеваний предстательной железы и прямой кишки, Душанбе, 1975.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …