Маълумоти охирин

МУҲИББӢ

nophotoМУҲИББӢ  (тахаллус.; номаш Қулбобо; соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бино ба маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ кӯкалтошӣ (бародари шир-хораи) мӯътабар ва ҳамзоди машҳури Абдуллохони II будааст. Аз ин рӯ бо номи Қулбобои Кӯкалтош низ шӯҳрат дорад. Мадрасаи Кӯкалтош бо сардории Муҳиббӣ сохта шудааст. Муҳиббӣ махфилу маҷлисҳои адабӣ ороста, барои пешрафти илму адабиёт хизмати зиёде кардааст. Ӯ бо Нисорӣ ва Мутрибӣ муносибати дӯстӣ доштааст. Ин байт аз ӯст;

Аз ғамза ба дил ханҷари мижгони ту бошад,

Дар гулшани ҷон ғунчаи пайкони ту бошад.

Ба ин байт шоирҳои бисёре ҷавоб гуфтаанд;

Ҳар ояти хубе, ки ба даврони ту бошад.

 Дар мусхафи ҳусн аз хати райҳони ту бошад. (Нисорӣ).

Аз мушк на хат бар махи тобони ту бошад.

Он ояти хубист, ки дар шони ту бошад. (Мутрибӣ).

Дар тазкираву баёзҳо аз ашъори ӯ байтҳои пароканда дарҷ ёфтаанд.

У. Назиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …