Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ ВАНКЕЛ

МУҲАРРИКИ ВАНКЕЛ

muharriki-vankelМУҲАРРИКИ ВАНКЕЛ, муҳаррики дарунсӯзи роторию поршениро гӯянд, ки конструксияашро соли 1957 инженер Ф. Ванкел (F. Wankel, РФГ) ихтироъ кардааст. Дар Муҳаррики  Ванкел ротори (поршени) чархзананда ис­тифода мешавад, ки сатҳи он шакли эпитрохоидаро (ниг. Трохоида)  до рад. Ротори ба навард насбшуда ба чархи дандонадор, чарх бошад дар навбати худ ба шестернаи сокин мустаҳкам пайваст мебошад. Ротор якҷоя бо чархи дандонадор гӯё дар гирди шестерне меғелад. Рӯяҳои ротор аз рӯи сатҳи эпитрохоидалии силиндр лағжида дар камераи силиндр ҳаҷмои тағйирёбандаро ҷудо мекунанд (нигаред расм, а). Чунин конструксия имконият медиҳад, ки сикли 4-такта бе ёрии механиами тақсимоти газ ба амал бароварда шавад. Пластинаои радиалӣ ва падҳлӯие, ки бо таъсири қувваи марказгурез, фишори газ ва пружинаҳо ба деворҳои силиндр ҷафс мешаванд, камераҳоро ҳавоногузар мекунанд. Тайер шудани сӯзишворӣ, афрӯзиш, равғанмолӣ, хунукшавӣ, корандозии Муҳаррики Ванкел мисли муҳаррики дарунсӯзи поршении муқаррарӣ аст.

Муҳаррикҳои ротории серӯя маъмул гаштаанд, ки дар онҳо нисбати радиуси шестерна ва чархи дандонадор чунин аст: г : R = 2 ; 3 (расми б), чунин муҳаррикҳоро асосан дар автомобилҳо, заврақҳо ва ғайра мешинонанд. Масса ва андозаҳои Муҳаррики  Ванкел нисбат ба муҳаррикҳои дарунсӯзи му-қаррарии иқтидорашон якхела 2—3 маротиба хурд мебошад. Истеҳсоли саноатии Муҳаррики Ванкел дар Республикаи Федеративии Германия, Япония ва Штатҳои Муттаҳидаи  Америка ба роҳ монда шудааст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …