Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / МУҲАРРИКИ ТУРБОРЕАКТИВӢ

МУҲАРРИКИ ТУРБОРЕАКТИВӢ

muhariki-turboreaktiviМУҲАРРИКИ ТУРБОРЕАКТИВӢ(МТР), муҳаррики газотурбинагии авиатсиониест, ки дар он қувваи кашишро ҷараёни газҳои аз соплои реактивӣ беруншаванда ҳосил мекунанд (расм). Муҳаррики Турбореактивӣ МТР дар самолётҳои фавқуссадо чун муҳаррикҳои маршӣ ва дар самолётҳои амудипару амудинишаст чун муҳаррикҳои болобардор татбиқ меёбад. Дар рафти парвоз ҳавои атмосфера аввал дар ҳавоғундорак, сипас дар турбокомпрессор фи-шурда мешавад. Ҳавои фушурдашуда ба камераи сӯзиш даромада, бо сӯзишвории моеъ (карасин) омехта мешавад. Газҳои ҳангоми сӯзиш ҳо-силшуда қисман дар турбинае, ки компрессорро чарх мезанонад ва комилан дар соплои реактивӣ васеъ мешаванд. Бо роҳи дар камераи форсаж (байни камераи сӯзиш ва соплои реактивӣ воқеъ мебошад) сӯхтани сӯзишвории иловагӣ қувваи кашиш Муҳаррики Турбореактивӣ МТР-ро 30—40% зиёд кардан мумкин аст. Ҳоло ба ҷои Муҳаррики Турбореактивӣ МТР бештар Муҳаррики Турбореактивӣ МТР-и дуконтура (МТРД) истифода мешавад, ки нисбатан камхарҷу камшавқун мебошад. Дар зинаҳои аввали самолётҳои ҳавоию кайҳонӣ истифода бурдани Муҳаррики Турбореактивӣ МТР пешомадҳои калон дорад. Нигаред низ Муҳаррики авиатсионӣ.

А. Хоҷиев.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …