Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ КИШТӢ

МУҲАРРИКИ КИШТӢ

muhariki-kishtiМУҲАРРИКИ КИШТӢ ба таркиби таҷҳизоти энергетикии киштӣ дохил мешавад. Муҳаррики асосии киштӣ (ки ҳаракатро таъмин менамояд) ва ёрирасон (барои ба ҳаракат овардани электрогенераторҳо, насосҳо, вен-тиляторҳо ва ғайра) мавҷуданд. Ба сифати Муҳаррики киштӣ муҳаррикҳои дарунсӯз (МД), турбинаҳои буғӣ ва турбинаҳои газиро истифода мебаранд. За-хираи калон, қобилияти реверсиронӣ, истифодаи навъҳои сӯзишвории вазнин, номаҳдудияти масса ва андозаҳои муҳаррик аз бартариятҳои Муҳаррики киштӣ мебошанд. Дар киштиҳо бештар дизелҳое истифода мешаванд, ки нисбат ба дигар Муҳаррики киштӣ самараноктар мебошанд. Дар киштиҳои нақлиётӣ, саноатӣ ва ёрирасон дизелҳои суръати гардишашон хурд, миёна ва калонро истифода мебаранд. Муҳаррикҳои дарунсӯз суръати гардишашон хурд ҳамчун муҳаррики асосии киштиҳо ба ҳисоб мераванд, иқтидори агрегатии онҳо ба 2,2—35 МВт, миқдори силиндрҳояшон ба 5—12, сарфи хоси босамари сӯзишвориашон ба 210- 21 Г» г/ (килоВат. с), суръати гардишашон ба 300—500 гард/дақиқа баробар аст. Муҳаррикҳои дарунсӯзи суръати гардишашон миёнаро бештар ба сифати муҳаррики асосии киштиҳои андозаашон миёна истифода мебаранд, иқтидори онҳо то 13,2 МВт, миқдори силиндрҳояшон 6—20, сарфи хоси босамари сӯзишвориашон 205—210 г/(килоВат. с), суръати гардишашон 300—500 гард/дақиқа мешаванд. Муҳаррикҳои дарунсӯзӣ суръати гардишашон калон асосан ҳамчун муҳар-рикҳои киштиҳои хурд, инчунин ба сифати муҳаррикҳои ёрирасон истифода мешаванд, иқтидори агрегатии онҳо то 2 МВт, миқдори силиндрҳояшон 12—16, сарфи хоси босамари сӯзишвориашон 215—230 г/(килоВат/с), суръати гардишашон зиёда аз 500 гард/дақиқа мешавад. Турбинаҳои бӯғӣ дар танкерҳои калон, контейнеркашонҳо, газкашонҳо, инчунин дар киштиҳое, ки дастгоҳи энергетикии ядроӣ доранд, гузошта мешаванд. Онҳоро инчунин ба сифати муҳаррики ёрирасон истифода мебаранд. Иқтидори дастгоҳҳои буғию турбивй то 80 МВт, сарфи хоси босамари сӯзишворӣ 260—300 г/(килоВат / с), суръати гардиши турбина 3000—4000 гард/дақиқа мешавад. Турбинаҳои газӣ бештар ба сифати муҳаррикҳои асосии киштиҳои ҳарбӣ, киштиҳои нақлиётии болдароб ва ҳавоболин истифода мешаванд. Ин хел киштиҳои нақлиётии муҳаррикашон газотурбина дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Австралия мавҷуданд. Дар киштиҳо турбинаҳои газии саноатӣ, ки барои сӯзишвориҳои сахт ва хизматрасонии техникӣ дар киштӣ мутобиқ карда шудаанд, инчунин турбинаҳои газии авиатсионии редуктордорро истифода мебаранд. Иқтидори дастгоҳҳои газотурбинии киштиҳои нақлиётӣ ба 0,07— 14,5 МВт, сарфи хоси босамари сӯзишвориашон 285—330г/ (килоВат , с) суръати гардиши турбинаашон ба 5000—8000 гард/дақиқа баробар аст. Дар оянда ба сифати муҳаррикҳои асосии киштиҳои калон, паромҳо, киштиҳои яхшикан ва ғайра турбинаҳои газии иқтидорашон ба 6—37 МВт баробар истифода мешаванд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …