Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ ГАЗОТУРБИНИ

МУҲАРРИКИ ГАЗОТУРБИНИ

muharriki-gazoturbinМУҲАРРИКИ ГАЗОТУРБИНИ (МГТ), муҳаррики ҳароратиест, ки дар он газ фишурда шуда метафсад

Муқаррики газотурбина: 1—компрессор; 2 — камераи сӯзиш; 3 — форсунка; 4 — агрегати сопло; 6 — чархи кории турбина; б — найчаи баромади газҳои тафсон.

ва энергияи ин гази тафсон дар наварди турбинаи газӣ ба кори механикӣ табдил меёбад (расм). Муҳаррики газотурбинӣ МГТ дар асоси зери фишори доимӣ муттасил ё дар ҳаҷми доимӣ мунфасил сӯхтани сузишворӣ кор мекунад.

Дар саноат аз ҳама бештар муҳаррикҳои газотурбинии сӯзишвориашон дар фишори доимӣ муттасил сӯзанда сохта шудаанд. Дар ингуна Муҳаррики газотурбинӣ МГТ, ҳавои фишурдашудаи атмосфера аз компрессор ба камераи сӯзиш меояд; сӯзишворӣ низ ба ҳамин камера омада, месӯзад ва ҳаворо ме-тафсонад. Сипас, дар турбинаи гази энергияи маҳсулоти газшакли сӯзиш ба кори механикӣ табдил дода мешавад. Қисми зиёди кори механикӣ барои дар компрессор фушурдани ҳаво харҷ гардида, қисми боқимондаашро агрегати ба ҳаракат овардашаванда мегирад. Муҳаррики газотурбинӣ МГТ бо сӯзишвории газшакл, моеъ ва сахт кор карда метавонад.

Барои зиёд кардани коэффисиенти амали муфид гармии гази аз турбина хориҷшаванда дар сикли кории Муҳаррики газотурбинӣ МГТ барои баланд кардани ҳарорати ҳавои фушурдашуда, ки ба камераи сӯзиш меояд, истифода мешавад. Дар муҳаррикҳои газотурбинии сиклашон сарбаст ҷисми кори баъди дар турбина иҷро кардани кор берун партофта нашуда, балки дар сиклҳои минбаъда иштирок мекунад.

Ин гуна муҳаррикҳои газотурбинӣ зиёд кардани иқтидори воҳидӣ ва дар онҳо истифода бурдани сӯзишвории ядроиро имконпазир мегардонанд. Муҳаррикҳои газотурбинӣ дар стансияҳои электрии ҳароратӣ (барои ба ҳаракат овардани генераторҳо) ва стансияҳои электрии сайёр ба сифати му-ҳаррики самолёт, газотурбовоз, автомобил, танк, дастгоҳи қуввагии киштиҳо, катерҳо ва заврақҳои зериобӣ, инчунии барои ба ҳаракат овардани мошину механизмҳои ёрирасон (ғарғара, насос ва ғайра), дар объектҳои техникаи ҳарбӣ ҳамчун дастгоҳҳои қуввагии энергетикӣ ва ядакӣ ва ғайра татбиқ карда мешаванд. Иқтидори воҳидии муҳаррикҳои газотурбинии истеҳсоли ватанӣ беш аз 100 МВт, коэффисиенти амали муфидашон то 35% мебошад. Нигаред Муҳаррики авиатсионӣ, Компрессор.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …