Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИК

МУҲАРРИК

muharrikМУҲАРРИК (ар. ба ҳаракат оранда), мошини қуввагиест, ки ягон намуди энергияро ба кори механикӣ табдил медиҳад. Муҳаррик вобаста ба навъҳои худ кори механикиро аз ротори чархзананда, аз ҳаракати пешравандаю баргардандаи поршен ё аз аппарати реактивӣ гирифта метавонад. Муҳаррик мошинҳои корӣ, воситаҳои нақлиёти хушкигарду обӣ, ҳавоиву кайҳонӣ, дастгоҳҳои истеҳсоливу техноло­гӣ, асбобҳои коммуналиву рӯзгор ва ғайраро ба ҳаракат меоварад.

Муҳаррикҳое, ки захираҳои табиии энергетикӣ (сӯзишворӣ, энергияи бод, об ва ғайра)-ро бевосита ба энергияи ме­ханикӣ табдил медиҳанд, муҳаррикҳои а в в а л номида мешаванд. Гурӯҳи калони Муҳаррикҳои аввалро муҳаррикҳои ҳароратӣ ташкил медиҳанд. Муҳаррикҳое, ки энергияи муҳаррикҳои ав­валро ба кори механикӣ табдил меди­ҳанд, Муҳаррикҳои сонӣ ном доранд (масалан, Муҳаррикҳои электрии пневматӣ, баъ­зе навъҳои Муҳаррикҳои гидравликӣ ва ғайра) Муҳаррикҳо вобаста ба таъиноташон статсионарӣ, сайёр, нақлиётӣ мешаванд. Доир ба таърихи инкишоф ва иқти­дори Муҳаррикҳои ҳозиразамон ниг. мақо­лаи Муҳаррики дарунсӯс, Муҳарри­ки авиатсионӣ, Муҳаррики ракетӣ ва ғайра.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …