Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИК-ГЕНЕРАТОР

МУҲАРРИК-ГЕНЕРАТОР

muharrik-generatorМУҲАРРИК-ГЕНЕРАТОР, мотор-генератор, таҷҳизотест иборат аз муҳаррики электрӣ ва генератори ҷараёни электрие, ки ба ҳамдигар ба таври механикӣ васл карда шудаанд. Муҳаррик барои як намуди ҷараёни электрро ба намуди дигари он табдил додан (бештар ҷараёни тағйирёбандаро ба ҷараёни доимӣ), инчунин барои таб­дил додани адади фазаҳо ва басомад хизмат мекунад. Масалан, онро барои бо энергияи электр таъмин намудани ваннаҳои электролитӣ дар истеҳсолоти металлургӣ ва ғайра истифода меба­ранд. Аз солҳои 60 асри 20 Муҳаррикҳоро тадриҷан табдилдиҳандаҳои нимноқилии статикӣ иваз карда истодаанд, ки нисбатан сарфакор ва эътимоднок мебошанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …