Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДЗАМОНИ НАҚОШ

МУҲАММАДЗАМОНИ НАҚОШ

nophotoМУҲАММАДЗАМОНИ НАҚОШ (соли таввалуд ва вафотпш номаълум), мусаввиҳо охири асри  16 — аввали асри 17 форс. Санъати наққоширо аввал дар зодгоҳаш омӯхт ва барои идоман таҳсил ба Италия (Рим) сафар кард. Муҳаммадзамони Нақош дар Италия дини масеҳиро қа­бул карда, дар бозгашт ба Ҳиндустон рафт. Соли 1676 ба Эрон баргашт. Муҳаммадзамони Нақош дар  Рим нозукиҳои санъати тасвирии ғарбро омӯхта, дар асарҳояш эҷодкорона истифода бурдааст. Асарҳои ӯ: «Ҳиҷрати Исо ва модараш», «Қурбонии ҳазрати Иброҳим», «Фариштаҳо ва модархудоҳо» ва ғайра Муҳаммадзамони Нақош соли 1675 барои «Хамса»-и Низомӣ се мусаввараи дигар низ кашидааст, ки он аз беҳтарин намунаҳои санъати наққошии давраи Сафавиён мебошад.

А. Раҷабов.    

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …