Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДШАРИФ ИБНИ МУҲАММАДНАҚӢ

МУҲАММАДШАРИФ ИБНИ МУҲАММАДНАҚӢ

nophotoМУҲАММАДШАРИФ ИБНИ МУҲАММАДНАҚӢ

(соли таваллуд ва вафоташ номаълум), муаррихи асри 19 тоҷик. Дар бораи ӯ маълу­моти тарҷумаи ҳолӣ нест. Соли 1800 Муҳаммадшариф бо супориши амир Ҳайдар (ҳукмрониаш 1800—1826) асари «Тоҷ-ут-таворих»- ро навишт. Асар аз муқаддима, ду мақола ва хулоса иборат буда, воқеаҳои солҳои аввали ҳукмронии амир Ҳайдар, шаҷараи Манғития, Чингизхон ва авлоди ӯ, таърихи Шайбонниёнро дар бар мегирад. Нусхаҳои ало­ҳидаи асар дар китобхонаҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар захирви дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон таҳти рақами 100 маҳфуз аст.

Ад.: Стори Ч. Л., 11 о ро »д с на п лите- ратура. Био-оиблиографическиА обзор, т. 2.М., 1972,

А. Валиев,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …