Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДШАФЁЪИ ШЕРОЗӢ

МУҲАММАДШАФЁЪИ ШЕРОЗӢ

nophotoМУҲАММАДШАФЁЪИ ШЕРОЗӢ  (1783, Шероз —1846, ҳамон ҷо), хушнавис ва шоири форс. Падараш Муҳаммадисмоил ном дошт. Лақабаш Мирзо Кӯчак, тахаллуси адабиаш Висол. Муҳаммадшафъёи Шерозӣ ҳамаи навъи хатҳои давр, хусусан, хати насхро хуб менавишт. Ӯ инчунин илмҳои сарфу наҳв, ҳикмат, риёзиёт, мусиқӣ ва арӯзу кофияро мукаммал аз худ карда буд. Аз ӯ тақрибан 30 ҳазор байт бо­қӣ мондааст, ки аз шаклҳои қасоид, ғазалиёт, марсия, тарҷеот ва маснавиҳо иборатанд. Ғазалиёти ӯ се навъ аст: ғазалҳое, ки ҷавобан ба ашъори Ҳофиз гуфта шудаанд, ғазалҳое, ки ба тарзи Шайх Саъдӣ суруда шуда­анд ва ғазалиёти дигараш дафтари алоҳидаро ташкил мекунад. Марсияҳои ӯ қариб 2 ҳазор байт аст. Аз на­мунаи осори хаттотии ӯ як нусха куллиёти Саъдӣ ва як нусхаи «Авсоф-ул-ашроф»-и Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (1824, Китобхонаи миллии Теҳ­рон), дафтари аввали маснавии Ҷа­лолуддини Румӣ (1831, Китобхонаи хусусии Саиднасруллоҳ, Теҳрон), мунтахаби «Ҳақиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ (1839, Китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон) ва ғайра маҳфузанд.

Қ. Махсумов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …