Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДРИЗОИ ҲИРАВИИ ХУРОСОНӢ

МУҲАММАДРИЗОИ ҲИРАВИИ ХУРОСОНӢ

nophotoМУҲАММАДРИЗОИ ҲИРАВИИ ХУРОСОНӢ      (соли таваллудаш номаълум, Ҳирот —1942, ҳамон ҷо), хушнавис ва музаддиби муосир. Дар Мадраса таҳсил карда сипас ба Машҳад рафт, ба таълими толибилмон пардохта, бо номи Шайхи Хуросонӣ машҳур гардид. Ҳангоми бозгашт ба Ҳирот ба Шайхи Тӯсӣ маъруф гашт. Дар хушнависӣ маҳорати комил дошта, настаълиқ , сулс, кӯфиро хуб менавишт. Баъдтар ба машқи тазҳиб (тиллокорӣ) пардохт ва дар ин ҳунар моҳир шуд. Охирҳои умр ба Кобул омад ва дар Китобхонаи Сардор Насруллоҳхон ба хушнависӣ машғул гардид. Осори таздибии ӯ дар Китобхонаи давлатии Афғонистон боқист.

А. Нуров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …