Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДРАҲИМХОНИ II

МУҲАММАДРАҲИМХОНИ II

nophotoМУҲАММАДРАҲИМХОНИ II — (1844—1910), хони Хева (1663—1910), шоир ва оҳангсоз. Дар аҳди Муҳаммадраҳимхони II ҷангҳои байниҳамдигарии феодалҳо авҷ мегирад, бори андозҳои гуногун зиёд мешавад, маҷбуриятҳои меҳнатӣ меафзоянд. Ҷангҳои дохилӣ хоҷагии халқ шаҳру деҳотро хароб мекарданд. Дар натиҷа хонии Хева суст мешавад. Соли 1873 Россияи подшодӣ хонии Хеваро забт карда, Муҳаммадраҳимхони II -ро вассали худ  намуд. Ӯ бо тахаллуси Фирӯз шеър ҳам эҷод карда­аст. Бо ташаббуси Муҳаммадраҳимхони II дар Хева матбаа ташкил шуда, тазкираи шоирони Хоразм «Маҷмуат-уш-шуаро», асарҳои Навоӣ ва бисёр девонҳои шоирони Хоразм нашр гардиданд. Муҳаммадраҳимхони II ҳамчун бастакор ба «Шашмақом» 13 мақоми «Рост» «Муҳаммади ҷадиди Фирӯз», ба мақоми «Сегоҳ», «Сиқили Фирӯзшоҳ» ба мақоми «Бузург», «Муҳаммади Фирӯз» ва ғайра) тасниф кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …