Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДРАҲИМХОНИ I

МУҲАММАДРАҲИМХОНИ I

nophotoМУҲАММАДРАҲИМХОНИ I  (1775—1825), хони Хева. Яке

аз сардорони қабилаи қунғурот буд ва барои баланд бардоштани обрӯю эътибори худ ҳокимияти Абулғозиро барқарор кард. Соли 1806 хони Хева  шуд. Муҳаммадраҳимхони I дар мамлакат ислоҳот гузаронида, системаи ягонаи андоз ва пулро ҷорӣ намуд. Барои мустаҳкаму васеъ кардани ҳудуди хонии Хе­ва, соли 1811 мулки Арал, дертар қабилаҳои қароқалпокро ба худ тобеъ кард. Ӯ инчунин соли 1818 ба Хуросон юриш ташкил намуд. Муҳаммадраҳимхони I  барои вусъат  додани алоқаҳои тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя низ кушид. Бо ин массад ӯ соли 1819 сафорати гурҷиҳоро ба хонии Хева бо сардории фармондеҳи корпуси алоҳида генерал Ермо­лов қабул кард.

Ш.Юсуфов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …