Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУХАММАДОВ Тоҳир Муҳаммадович

МУХАММАДОВ Тоҳир Муҳаммадович

nophotoМУХАММАДОВ Тоҳир Муҳаммадович (таваллудаш 1912, Хуҷанд), иррига­тор, ходими партиявии советӣ, Ирригатори Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон. (1957). Аъзои КПСС аз соли 1946. Солҳои 1928— 1933 хонандан Гидротехникуми Самарқанд, 1933—1935  ҷонишини гидро­техники калони МТС (РСС Ӯзбекистон),

1935 — 1938 техник, 1938—1942 гидротех­ники калон, 1942—44 иҷрокунанда вазифаи инженер, 1944—1950 сардора 1860хоҷагии об, 1950—1952 сардори Управленияи пахтакории районҳои марказии республика, 1932—1953 коркуни Советӣ Варони РСС Тоҷикистон, 1953—1954 раиси колхози ба номи И. В. Сталини райони Сталинобод, 1954—1956 коркуни аппарати КМ ПК Тоҷикистон 1956—1957 ҷонишини вазири хоҷагии об, 1957—1972 вазири ме­лиоратсия ва хоҷагии оби РСС Тоҷикистон буд. Аз соли 1973 нафақахӯри шахсӣ. Солҳои 1957—1972 аъзои КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Советӣ Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5—8). Муҳаммадов барои  хизматҳояш дар инкишофи ме­лиоратсия ва хоҷагии оби республи­ка сазовори Мукофоти давлатии СССР (1971) шудааст. Бо ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …