Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДМУРОДИ САМАРҚАНДӢ

МУҲАММАДМУРОДИ САМАРҚАНДӢ

nophotoМУҲАММАДМУРОДИ САМАРҚАНДӢ(соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва минётурнигори охири асри 10  аввали асри 17 тоҷик. Дар Самарқанд ба дунё омадааст. Нозукиҳои санъати тасвириро дар зодгоҳаш омӯхта, махсусан дар манзараю размнигорӣ шӯҳрат ёфт. Аз таъкиби рӯҳониён ҳамроҳи Нодир- муҳаммади Самарқандӣ ва чанде ҳамқаламонаш ба Ҳиндустон рафт.

Муҳаммадмуроди Самарқандӣ яке аз мусаввирони сермаҳсул буда, то замони мо 115 минётураш (дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳоло дар Институти шарқшиносии АФ РСС Узбекистон маҳфуз аст) расидааст. Дар мусаввараҳои «Тӯрро куштани Манучеҳр», «Ҷанги Рустам бо Сӯҳроб», «Писарони Арчандро ба дор кашидани Исфандиёр» даҳшати ҷангу муҳорибаҳои тан ба тан ва қурбониҳои майдони ҳарбро инъикос намуда, ҷангу хунрезидоро маҳкум мекунад. Дар мусаввараи «Коваи оҳангар» дар симои Кова пешво ва додхоҳи халқ ва дар мусаввараи «Сиёвуш» зебоӣ ва шуҷоати инсонро тавсиф мекунад. Муҳаммадмуроди

Самарқандӣ анъанаҳои мактаби минётури Ҳиндро инкишоф дода, мусаввирони зиёдеро тарбия намудааст, ки Басвантх, Бидаши Гуҷароти. Иброҳим Қаҳҳор, Банвари Хурд, Сури Гуҷаротӣ, Парвин, Ром Дас ва дигарон аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошанд.

А. Раҷабов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …