МУҲАММАДМИРЗОЕВ Ховаҷӣ (1910, хутори Алҳазуровои райони Урун- Мартанси РАСС Чеч. Ингуш — 1943), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944, баъди вафот) сержанти калон. То замони ҷанг — инспектори дастаи сӯхторхомӯшкунандагони Ленинобод. Аз сентябри 1941 дар Армияи Советйӣ.Муҳаммадмирзоев ёрманди командири заводи корпуси 7-уми савораи гвардия буд. 29 сентябри 1943 ҳангоми аз д. Днепр гузаштан заврақи Муҳаммадмирзоев аз ҳама пештар ба соҳили рост расид ва ӯ бо оташи пулемёти худ гурӯҳи гитлерчиёнро несту нобуд кард. Муҳаммадмирзоев бо шуҷоат ва мардонагии худ сабаб шуд, ки дигар қисмҳои мо аз дарё бо муваффақият гузаранд.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
Сулолаи САФФОРИЁН
САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …