Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИЕВ Фазлиддин Аминович

МУҲАММАДИЕВ Фазлиддин Аминович

МУХАММАДИЕВ Фазлиддин АминовичМУҲАММАДИЕВ Фазлиддин Аминович (таваллудаш 15.6.1928, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи саҳҳоф. Аъзои КПСС аз соли 1951. Баъди хатми мактаби миёна табелчии колхоз ва аз соли 1947 то 1949 ходими адабии газетаи «Тоҷикистани Сурх» (ҳоло «Тоҷикистони Советӣ») буд.

Соли 1951 Мактаби Марказии комсо­молии КМ ВЛКСМ- ро дар Москва хатм кард. Сипас вазифаҳои журналистиро ба ҷо овард: котиби масъул, баъд ҷонишини мударрири газетаи.«Ҷавонони Тоҷикистон» (ҳоло «Комсомоли Тоҷикистон», 1951— феврали 1954), мударрири «Газетаи муаллимон» (соли 1954), мудири шӯъбаи маданият ва маишати газетаи «Тоҷикистони советӣ» (1954—1955), котиби масъули журналҳОи «Занони Тоҷикистон» (1955 —1956) ва «Хорпуштак » (1956—57), мудири шӯъба, котиби масъули журнали«Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ»1957—1960) буд. Соли 1962 Курси олии адабии назди Институти адабиёти ба но­ми М. Горкий Москваро ба итмом расонд. Мударрири журнали«Хорпуштак» (1962—1964). Ба сифати аъзои коллегияи сенарии киностудияи «Тоҷик- филм» (1965—1966), мударрири калони нашриёти «Ирфон» (1967—1968), му­дири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Со­ветии Тоҷик (1969—1973) низ хизмат кардааст. Сармударрири Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинемато­графия (1973—1976). Солҳои 1978—1981 котиби Правленияи ИН Тоҷикистон.

Муҳаммадиев яке аз насрнависони намоён ва навовари тоҷик аст. Эҷодиёти адабии ӯ аз соли 1955 аз нашри ҳикояи «Порчаи остин» оғоз ёфтааст. Дар аввалин очерку ҳикоёти Муҳаммадиев «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956), «Фаттоҳ ва Музаффар» масъалаҳои муҳими хоҷагии деҳот, иқтисодиёти колхозҳои баландкӯҳ ва ахлоқу маишати мардуми қишлоқ тадқиқ шудаанд. Соли 1958 нахустин маҷмӯаи очерку ҳикояҳои Муҳаммадиев«Муҳоҷирон» ба табъ расид. Дар адабиёти советии тоҷик бо ин китоб очерки проблемӣ инкишоф ёфт. Аввалин  повести Муҳаммадиев  «Тири хокхӯрда» (1960) дар насри советии тоҷик якумин асари детективии оид ба ҳаёти чекистҳо мебошад. Повести «Одамони кӯҳна» (1963), ки аз ҳаёти мардуми шаҳр буда, портрети як гурӯҳ зиёиён ва коргаронро ба тасвир овардааст, мардуми накӯкор, инсонпарвар, мехнатдӯст ва хушахлоқанд; образи коммунистро офарида, масъалаи робитаи наслдоро ба миён мегузорад, адлу инсофи ҷамъиятӣ, ҳақиқат ва ғояҳои инсонпарвариро тасдиқ мекунад. Дар баробари ҳамин воқеияти мураккабро таҳлил карда, мансабпарастӣ, беадолатӣ, худбинии баъзе шахсиятҳоро фош менамояд. Повести таърихии нави­санда «Зайнаббибӣ» (1964) дар мисоли аввалин зан — раиси Комитети иҷроияи райони Лақай-тоҷик Зайнаб Курбонова муборизаи занони даврони навро дар роҳи мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷи­кистон таҷассум менамояд. Повести «Дар он дунё» (1965) асари арзиши­нокест дар адабиёти муосири советӣ роҷеъ ба фош кардани оинҳои фар­судаи ислом ва аҳкоми шариат. Ба­рои ин асар ва повести «Одамони кӯҳна» вависанда сазовори Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ гардид (1967). Ду китоби ҳикоя, қисса ва очеркҳои Муҳаммадиев «Соэи Муваввар» (1969) ва «Шаби саввум» (1978) ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимойҒӣ ва ахлоқии муосирони мо бахшида шудаанд. Нависанда ба тадқиқи бадеии масъулият ва қарзи граждании ҳар фард дар назди ҷамъият, покизагии виҷдон, аҳду вафо, ишкғқу муҳаббати пок, ватандӯстӣ, инсониятпарварӣ ва дигар ҷиҳатҳои маънавиёти халқ бо камоли назорат машғул шудааст. Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, назари дақиқ ва дахолати фаъолонаю амиқи ин санъаткор ба воқеияти со­тсиалистӣ боиси ба майдон омадани романи иҷтимоии «Палатаи кунҷакӣ» (1974) гардидаанд. Дар асари мазкур муҳимтарин просессҳои ҳаё­ти сиёсӣ, ахлоқӣ ва маишии ҷамъи­ят дар давраи сотсиализми мутараққӣ аз мавееи партияияти коммунистӣ таҳлил ва ҷамъбаст шудааст.

Нависанда анъанаҳои каҳрамонӣ, ҷангӣ ва меҳнатӣ, пайванди маънавии наслҳои гуногуни бинокорони ҷамъияти коммунистӣ, ташаккули ваҳдати оилаи сермиллати советӣ, тарзи зиндагӣ ва рӯзгори сотсиалистӣ, ягонагии манфиатҳои партия, давлат ва шахсиятро реалистона ба тадқиқ гирифтааст. Муҳаммадиев дар повести «Шодии япон» (1982), ки ба мавзӯи замони ҳозира бахшида шудааст, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ах­лоқӣ ба мисли покизагию садоқат ба хизмати Ватан ва дӯстию рафоқати вакилони халкҳои гуногунро ба таври бадеӣ тадқиқ карда, образҳои муътамади каргаран ва хизматчиёни давлатиро эҷод монамояд ва тавассути фаъолияти он ҷо ғоратгарони моликияти ҷамъиятиро фош месозад.

Қаҳрамонони осори Муҳаммадиев ҳамзамонони мо мебошавд. Муҳаммадиев услуби хоси эҷодӣ дорад. Таҳлили амиқи иҷтимоии воқеият, руди публитсистӣ, омезиши тасвири реалистӣ ва романтикӣ, ҳаҷви латифу зариф умдатарин хусусиятҳои услубии эҷодиёти Муҳаммадиев ба шумор мераванд.

Асарҳои Муҳаммадалиев ба забони русӣ ва дигар халқҳои СССР — украинӣ, белорусӣ, латини, эстанӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, қазоқӣ, туркманӣ. қирғизӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Соли 1971 нашриёти «Мо­лодая гвардия» ва 1976 нашриёти «Художественная литература» повестдо ва ҳикояҳои Муҳаммадиевро интишор карданд.

Осори Муҳаммадиев ба забонҳои хориҷӣ низ тарҷума шудааст. Соли 1967 журнали «Совет­ская литература», ки ба забонҳои англисӣ, франсавӣ, немисӣ ва иснанӣ чоп мешавад, дар шумораи 9-ум по­вести «Одамони кӯҳна»-ро дарҷ кард. Худи ҳамон сол нашриёти «Про­гресс» (Москва) дар маҷмӯаи асар­ҳои нависандагони Осиёи Миёна ва Қазоқистон «Офтоб дар регхомаҳо», ки ба забони арабӣ интишор намудааст, повести «Одамони кӯҳна»-ро низ дохил кард. Соли 1975 дар РДГ ба забо­ни немисӣ ҳикояи «Даъво» дар маҷмӯа  «Ҳикояҳои советӣ» чоп шуд. Ҳамин ҳикоя ба забони руминӣ дар маҷмӯаи «Ҳикояҳои нависандагони советӣ» (1976) дар Бухарест ба табъ расид. Ҳикояи «Сози Мунаввар» ба забони булғорӣ дар маҷмӯаи «Синфи саодатманд» дар София нашр гардид. По­вести «Дар он дунё» соли 1978 ба за­бони маҷорӣ, 1979 ба чехӣ, 1980 ба булғорӣ интишор ёфтааст.

Тарҷумонӣ қисми таркибии фаъолияти эҷодии худи Муҳаммадиев ҳам мебошад. Бо қалами ӯ романҳои нависандаи франсавӣ Андре Стил «Зарбаи аввал», адиби румин Михаил Садовяну «Ҷазираи Гулистон», повестҳои Ч. Айтматов «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ», песаҳои Н. Погодин «Досто­ни саввуми муассир», А. Қаҳҳор «Чон модаракон» ва «Садо аз тобут», баъзе ҳикояҳои А. Чехов, Т. Драйзер ва дарон нависандаҳои советӣ ва адибони пешқадами хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Муҳаммадиев аз соли1958 узви ИН СССР аст.

Муҳаммадиев ходими фаъоли ҷамъиятист. Ӯ аъзои Комиссиям марказии тафти- шоти Правленияи ИН СССР, аъзои Правления ва Президиуми ИН То­ҷикистон мебошад. Коркуни Хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1978).

Бо ордени «Нишонн Фахрӣ», ме­далҳоо ва Грамотаҳои Фахрии Сове­ти Олии РСС Тоҷикистонва баъзе республикаҳои бародари сарфароз шуда­аст.

А. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …