Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲАММАДИЕВ Эргаш

МУҲАММАДИЕВ Эргаш

nophotoМУҲАММАДИЕВ Эргаш (таваллудаш 10.8. 1941, деҳаи Сароӣ райони Ашт), матема­тики то ИДИ, доктори ил м дои фнви-

Я

каю математика I (1980). Мактаби миёваро дар по- сёлкаи Шайдони р-ни Ашт хатм кард. Соли 1959 ба факултети          физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шу­да, онро соли 1964 бо дипломи аъло хатм намуд. Баъди хатми УДТ ба аспирантураи он дохил шуд. Таҳсилро дар аспирантураи Университети шаҳри Воронеж ба итмом расонда соли 1967 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Солҳои 1967—1973 дар Университети шаҳри Воронеж (солҳои 1970—1973, до­тсент) кор кард. Соли 1973 ба УДТ ба кор омада, то соли 1976 вазифаи дотсенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалиро иҷро намуд. 1976—1981 ҷонишини директори Иниверситети математикаи АФ РСС Тоҷикистон. Аз соли 1981 мудири шӯъ­баи математикаи амалии ҳамин инс­титут.

Асарҳои Муҳаммадиев асосан ба ҳисобкунии даврзании баъзе майдонҳои векторӣ, сохтмони функсияи рости самтдиҳанда барои системаи муодилаҳои дифференсиалӣ, назарияи ҳалҳои даврии системаи муодилаҳои дифференсиалии хаттӣ ва ғайрихаттии муқаррарӣ ва ҳосилаҳояш хусусӣ, назарияи ҳалҳои махсуси муодилаҳои дифференсиалӣ ва ғайра оиданд. Зиёда аз 60 асарҳои илмии Муҳаммадиев дар нашрияҳои илмии АФ РСС Тоҷикис­тон, АФ СССР ва муассисаҳои ил­мии хориҷа чоп шудаанд.

А. Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …