Маълумоти охирин

МУҲАММАДӢ

nophotoМУҲАММАДӢ     (таваллудаш   байни солҳои 1508—1510—вафоташ номаълум), мусаввир ва минётурнигори асри 16. Аслан аз Табрез. Писари Султонмуҳаммади Табрезӣ. Санъати минётурнигориро аз падараш, ки яке аз намояндагони Мактаби минётури Табрез ва яке аз ҳунармандони китобхонаи дарбор буд, омӯхта, асарҳои аввалинашро дар пайравии ӯ эҷод кардааст. Яке аз минётурҳои аввалиии Муҳаммадӣ портрети шоҳзода Таҳмоси (1527—1528) мебошад, ки дар мураккаи Баҳроммирзо ҷой дода шудааст (ҳоло дар Музеи Истамбул). Аз эҷодиёти Муҳаммадӣ то замони мо 15 минётур расидааст, ки ба мавзӯъҳои ҳаётӣ бахшида шуда­анд. Муҳаммадӣ дар асарҳояш зебоиҳои ҳаёт (минётурҳои «Дилдодагон», Музеи Бостон; «Шоҳзода ва муғанниён»), меҳнату машаққати одамони оддӣ ва воқеияти зиндагиро («Маҷлис дар кӯҳсор», «Саҳнаҳои ҳаёти деҳот», Лувр, Париж; «Ҷавон бо бел», «Рақс бо бел») тасвир намудааст. Минётур­ҳои Муҳаммадӣ асосан характери бисёрфигуравӣ дошта, дар онҳо манзараи табиат ва ҳолату ҳаракати персонажҳо табиӣ кашида шудаанд («Рақси дарвешон», «Истиқболи шоҳзодаи ҷавон»). Минётурҳои портретии ӯ «Дар­веш» (Китобхонаи давлатии Ҳиндустон), портрети дуфигуравии «Форси ҷавон ва ҳиндуи оворагард» хеле од­дӣ буда, сифатҳои этнографию фардии персонажҳоро таҷассум намудаанд.

М. Ашрафӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …