Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ ШАЙБОНӢ

МУҲАММАДИ ШАЙБОНӢ

nophotoМУҲАММАДИ ШАЙБОНӢ— Шайбонихон (1451—1510, назди Марв), асосгузори сулолаи Шайбониён (аз соли 1500). Аз авлоди Шайбон, набераи Чингизхон. Дар овони ҷавонӣ барои муттаҳид намудани қабилаҳои бодиянишин ва барқарор кардани давлати бобои худ — Абулхайрхон (1412—68) мубориза бурд. Дертар шаҳрҳои Утрор ва Саирамро ба даст дароварда, охири асри 15 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кард. Соли 1499 Бухоро, 1500 Самарқанд, 1505 Хоразм ва 1507 Ҳиротро ба худ тобеъ намуд. Дар ҳамаи шаҳрҳои ишғолӣ (Самар­қанд, Бухоро, Марв, Сарахс, Балх, Хирет, Машҳад, Нишопур, Тӯс ва ғайра) бо номи худ пул сикка зад. Сиёсати дохилии Муҳаммади Шайбонӣ ба мустаҳкам намудани мавқеи заминдорони калон ва дастгирии қабилаҳои бодиянишини ӯзбек нигаронида шуда буд. Дар за­мони ҳукмронии ӯ сардорони қабилаҳои бодиянишини ӯзбек ба заминдорони калони феодалӣ табдил ёфтанд. Муҳаммади Шайбонӣ дар ҷанги зидди Исмоили Сафавӣ ҳалок гардид.

Ад.: Бартольд В. В., ШаЙбониды, Соч., т. 2, ч. 2, М., 1904.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …