Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ РАЗАӢ

МУҲАММАДИ РАЗАӢ

nophotoМУҲАММАДИ РАЗАӢ Ибни Алоуддин (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва мусаввири асри 15 форс-тоҷик. Яке аз шогирдони  Султоналии Машҳадӣ. Аз намунаҳои осори боқимондаи ӯ маълум мегар­дад, ки дар санъати хаттотӣ хеле ҳунарманд буда, махсусан, настаълиқи хафиро хеле олӣ менавиштааст. Аз намунаи осори ӯ «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ (бо хати зебои хафӣ) дар Китобхонаи Кобул маҳфуз буда, чанде аз саҳифаҳои он бо тасвирҳо оро ёфтаанд, ки маҳсули ҳунари Муҳаммад Разаӣ мебошанд.

Л. Нуров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …