Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ ОМУЛӢ

МУҲАММАДИ ОМУЛӢ

nophotoМУҲАММАДИ ОМУЛӢ — (1282, Омул, Мозандарони Эрон — 1349, ҳамон ҷо), мусиқишиноси форс-тоҷик. Аввал дар зодгоҳаш таҳсил намуда, барои такмили дониш ба Ироқ, Туркия ва якчанд шаҳрҳои Хуросон меравад ва дар илмҳои фалакиёт, арӯз, тиб ва мусиқӣ машҳур мегардад. Чанд муддат дар мадрасаҳои Исфаҳонӣ ва Султонияи Мозандарон таҳсил намуд. Мероси илмӣ- адабии Муҳаммад Омулӣ хеле бой буда, асари энсиклонедиаш «Нафоис-ул-фунун лй-ароис-ил-уюн» аз таълифоти барҷастаи асримиёнагии форс-тоҷик ба шумор меравад. Дар ин асар масъалаҳои муҳими илмҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Махсусан, қисмати мусиқии «Нафо­ис-ул-фунун лӣ-ароис-ил-уюн»аз муҳимтарин сарчашмаҳои хаттии илмӣ- назариявӣ оид ба мусиқӣ буда, аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст ва доир ба таркиботи мусиқӣ, хусусиятҳои овозии он, овоза ва шӯъбаҳо, адвор, созҳои гуногуни мусиқӣ, тартиби пардаву тори онҳо ва ғайраҳо баҳс ме­кунад.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …